Дар Қазоқистон аз 8 июл барои содироти гандум, орд ва тухми офтобпараст маҳдудият ҷорӣ шудааст. Дар ин бора вазири кишоварзӣ Ербол Карашукеев фармони дахлдор имзо кардааст.
Квота барои таъмини амнияти озуқавории кишвар ҷорӣ шуда, то 30 сентябр амал мекунад.
Аз кишвар содироти беш аз 550 ҳазор тонна гандум ё меслин (омехтаи гандум ва ҷавдор), беш аз 370 ҳазор тонна гандум ё орди гандуму ҷавдор ва беш аз 15 ҳазор тонна тухмӣ манъ шудааст.
Қаблан Вазорати кишоварзии Қазоқистон барои содироти ғалла ва орд дар моҳи апрел квота ҷорӣ карда буд. То 15 июн зиёда аз 1 миллион тонна гандум ё меслин, инчунин зиёда аз 300 тонна ордро аз мамлакат баровардан иҷоза набуд.
Наздик ба поёни мӯҳлат (15 июн) Ербол Карашукеев эълон кард, ки Қазоқистон тасмим дорад, квотаҳои содироти гандум ва ордро то моҳи сентябр тамдид кунад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати ҷумҳурӣ ба далели таҳдиди камбуди ғалла дар саросари ҷаҳон ва нотавонии Укроин дар таъмини ғаллаи худ ба Африқо ва Ховари Миёна маҷбур ба иҷрои чунин иқдом хоҳанд шуд.
Ин ниҳод ба дархости расмии inbusiness.kz. чунин шарҳ медиҳад: "Квотакунонӣ ба Қазоқистон содироти назоратшавандаи гандум ва ордро бо ҳаҷми миёнаи солонаи содирот таъмин хоҳад кард".
Тибқи омор, то охири соли 2022 иқтидори содиротии ғаллаи Қазоқистон тақрибан ба 1 миллиону 250 ҳазор тонна мерасад.
Дар семоҳаи аввали соли 2022 Қазоқистон ба Тоҷикистон 175,8 ҳазор тонна гандум содир кард, ки тибқи квота гандум мегирад.
Тоҷикистон ҳамасола аз Қазоқистон ҳудуди 1 миллион тонна гандум мехарид ва имсол воридоти ғалла аз ин кишвар метавонад ҳудуди 20 дарсад коҳиш ёбад.
Дар ҳоли ҳозир арзиши як тонна гандуми ғизоӣ дар Қазоқистон ҳудуди 400 долларро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки соли гузашта он дар сатҳи 215 доллар барои як тонна буд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста