Давоми моҳҳои январ-июли соли 2022 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 4,6%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори кишвар. Ин нишондиҳанда 0,3 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Гуфта мешавад, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 7,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа - 2,6% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ баръакс, 0,9% арзон шуданд.
Аз маҳсулоти озуқаворӣ гуруҳи маҳсулоти зерин бештар гарон шуданд:
- сабзавот – 21,3%;
- қанд (шакар) – 17,2%;
- маҳсулоти нонӣ ва ярма (крупа) – 14,5%;
- тухм – 7,7%;
- шир – 7%.
Нархи маҳсулоти озуқаворӣ асосан аз ҳисоби гароншавии маҳсулоти зерин боло рафт:
- сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 17,9%;
- маводи шустушӯ – 11,3%;
- маҳсулоти доруворӣ – 7,9%;
- масолеҳи сохтмон – 3,5%.
Коҳиши сатҳи нархҳо ба хизматрасонии пулакӣ ба аҳолиро дар Агентии омор дар навбати аввал ба арзоншавии хидматрасониҳои тиббӣ ба андозаи 3,8% нисбат медиҳанд.
Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо (тарифҳо) дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста