Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода рӯзи 5 сентябр зимни вохӯрӣ бо роҳбари Фонди “Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ”-и Бонки исломии рушд (БИР) Валид Аддас даъват кард, ки маблағгузорӣбарои ҳалли масоили иҷтимоӣ зиёдтар карда шавад.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод хабар медиҳад, дар вохӯрӣ инчунин директори минтақавии БИР дар минтақаи Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ низ ҳузур дошт.
“Вазир аз ҷониби ҳайати Бонк даъват ба амал овард, ки бо назардошти таъсири буҳронҳои ҷаҳонии имрӯза маблағгузориро барои дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бештар намоянд, ки хуш пазируфта шуд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, Фонди “Зиндагӣ ва рузгордорӣ” соли 2016 таъсис дода шуда, айни замон дар 33 кишвари аъзои Бонк фаъолият мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон лоиҳаи ин фонд - «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлони ҶТ» ба маблағи 27 млн. доллар мавриди амалишавӣ қарор дорад.
Зикр мегардад, ки дар мулоқот масъалаҳои рафти иҷрои лоиҳа, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, санитария ва таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста