Нархи як қатор маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орду равған ва шакар дар Тоҷикистон поин рафт. Дар муқоиса бо аввали моҳи август як халтаи 50-килоии орди навъи 1-ум дар ярмаркаҳои Душанбе аз 360 сомонӣ то ба 290 сомонӣ ва то 340 сомонӣ дар бозорҳо арзон шуд.
Як халта орди навъи дуюмро вобаста ба истеҳсолкунанда “Тоҷикматлубот” бо нархи 230-260 сомонӣ фурӯхта, дар бозорҳо он то 310 сомонӣ нарх дорад.
Як халта орди дурушти истеҳсоли маҳаллӣ 210 сомонӣ арзиш дошта, дар бозорҳо нархи он аз 240 сомонӣ зиёд нест.
Нархи 5 литр равғани растанӣ аз 140 сомонӣ то 125 сомонӣ поин рафта, дар ярмаркаҳо 5 литр равған 110 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Як кило маснуоти макаронӣ дар ярмаркаҳо 7 сомонӣ (дар мағозаҳо - 10-12 сомонӣ), шакар - 9,5 сомонӣ (дар мағозаҳо - 10-11 сомонӣ) фурӯхта мешавад.
Гӯшти гов дар ярмарка 55 сомонӣ (барои 1 кило) ва дар бозор - 63 сомонӣ нарх дорад. Аммо дар ярмаркаҳо гӯшти босифат нест ва онро дар бозор бо арзиши 67-70 сомонӣ харидан мумкин аст.
Сабаби поинравии нарх ба маҳсулоти асосии хӯроквориро мақомот зиёдшавии захира ва воридоти онҳо ва ба маҳсулоти кишоварзӣ - мавсими ҷамъоварии ҳосил маънидод мекунанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста