Поинравии арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон пас аз босуръат болоравии он дар аввали моҳи равон идома дорад.
Имрӯз нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Душанбе 6,20-6,40 сомониро ташкил дода, як ҳафта пеш он 6,8 сомонӣ нарх дошт. Дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт ва навоҳии тобеи марказ бо нархи 6,10 сомони барои 1 литр гази моеъ низ вохӯрдан мумкин аст.
Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд 1 литр гази моеъ 5,90-6,00 сомонӣ фурӯхта мешавад. Нимаи моҳи ноябр арзиши он дар шимоли кишвар 6,60-6,70 сомониро ташкил медод.
Тавре ки sugdnews.com хабар медиҳад, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ин шаҳр нархи бензини навъҳои АИ-92 ва АИ-95 ҳам поин рафтааст.
Бензини навъи АИ-92 бо нархи 8,40 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки нимаи моҳ нархи он ба 8,90 сомонӣ баробар буд. Арзиши бензини навъи АИ-95 - 8,80 сомонӣ зикр шуда, чанд рӯз пеш он бо арзиши 9,60 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Қобили зикр аст, ки аввали моҳ нархи гази моеъ боло рафта, дар вилояти Суғд бо арзиши 6,60-6,70 сомонӣ ва дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ - аз 7 то 7,50 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон арзиши ин навъи сӯзишворӣ ба андозаи 15,8% поин рафтааст. Дар моҳи декабри соли 2021 нархи 1 литри он ба ҳисоби миёна 7,40 сомониро ташкил дода буд.
Ҳудуди 90% аз ҳаҷми умумии гази моеъ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар ҳаҷмҳои начандон зиёд аз Ӯзбекистон ва Русия ҳам ворид мегардад. Соли равон ҳаҷми моҳонаи истифодаи гази моеъ дар Тоҷикистон ҳудуди 35 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки аз се ду ҳиссаи нақлиёти автомбилӣ дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста