Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар зарфи 11 моҳи соли 2022 ҳудуди 503 млн долларро ташкил дод, ки 26,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Дар сохтори савдо байни кишварҳо ҳудуди 167 млн доллар (33,2%) ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва қариб 336 млн доллар (66,8%) ба воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рост меояд.
Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя асосан ашёи хом мефурӯшад: алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, маъданҳо, семент, пӯсти хом, пилла, абрешими хом, инчунин матоъҳои гуногун, нӯшокиҳои машруботӣ, қолинҳо ва ғайра.
Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузоти ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ ворид карда мешавад.
Баъзе ВАО бо истинод ба идораи омори Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки “Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки саҳми зиёди содироти Ӯзбекистон ба онҳо рост меояд, дар ҷои шашум қарор дорад: дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурии ҳамсоя ин кишвар ба маблағи беш аз 460 млн доллар маҳсулот ворид кардааст”.
Дар ҳамин ҳол, чунин фарқият ҳамеша ҷой дошт, чунки ба омори Ӯзбекистон оид ба содироту воридот дар баробари маҳсулот хидматрасониҳо ҳам дохил мешаванд, ки дар ҳисоби омории Тоҷикистон оид ба гардиши маҳсулот ба инобат гирифта намешаванд.
“Гардиши моли хориҷӣ дар Тоҷикистон ҷудогона аз рӯи маҳсулот ва хидматрасониҳои байнулмилалӣ тартиб дода мешавад”, - шарҳ дода буданд қаблан ба “Азия-Плюс” дар Агентии омори Тоҷикистон.
Муомилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар кишвари ҳамсоя зиёда аз 7 баробар - аз каме бештар аз 70 млн доллар дар соли 2016 то зиёда аз 500 млн доллар дар соли ҳоло нопурраи 2022 зиёд шуд.
Солҳои 90-ум Ӯзбекистон шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Соли 1995 савдои дуҷониба байни кишварҳо 250 млн долларро ташкил дода буд, ки ду баробар бештар аз муомилоти маҳсулоти умумӣ бо ҳамаи дигар кишварҳои ИДМ буд. Ба гунаи мисол, он замон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Русия 136 млн долларро ташкил дода буд.
«Ситуация ухудшается с каждым днем». Почему и как Россия ограничивает деятельность мигрантов?
Китайская CNPC провела геофизические исследования бохтарских месторождений углеводородов
Главный геолог Таджикистана объяснил, для кого рассекретят данные о золотоносном месторождении на Памире
Вслед за Таджикистаном. В Кыргызстане предложили урегулировать проведение свадеб и похорон
Центр по химической и биологической безопасности в Таджикистане получил статус регионального для стран Центральной Азии
Выдворять сможет и полиция. Что изменится с февраля для мигрантов в России?
Схватка бойцов с разными стилями. Победит ли Мухаммад Наимов своего соперника на турнире UFC в Эр-Рияде?
Садыр Жапаров: «С таджикско-кыргызской границы переселят жителей двух стран, чьи дома расположены в шахматном порядке»
Евросоюз приостановил безвизовый режим для грузинских чиновников
ЖКХ Таджикистана: Доступ населения к чистой воде растет, нагрузки на коммунальную инфраструктуру – тоже
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста