Асъори миллии Гурҷистон, Арманистон ва Тоҷикистон аз лиҳози болоравии қурбашон нисбати доллари амрикоӣ дар натиҷаи ба ин кишварҳо омадани шаҳрвандони Русия пас аз оғози амалиёти ҳарбӣ дар Украина пешсафанд, хабар медиҳад РБК бо истинод ба Bloomberg.
Ба ин тариқ, тибқи маълумоти хабаргузорӣ, аз оғози сол қурби драми Арманистон нисбати доллар 22%, ларии Гурҷистон - 16% ва сомонии Тоҷикистон - 10% боло рафтааст.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Гурҷистон, имсол ҳаҷми интиқоли пул аз Русия 5 баробар зиёд ва 1,7 млрд долларро ташкил додааст, ки ба зиёда аз 60% аз ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳо баробар аст.
Интиқоли маблағ ба Арманистон дар зарфи 10 моҳи аввали соли ҷорӣ 2,8 млрд долларро ташкил додааст, ки қариб 4 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Дар нимсолаи аввал ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон на камтар аз 50% афзудаааст, хабар додааст ба РБК мутахассиси гурӯҳи молиявии БКС Наталя Лаврова бо истинод ба маълумоти тавозуни пардохт.
Ба ин кишварҳо омадани шаҳрвандони Русия ба рушди иқтисоди онҳо мусоидат намуд.
Мувофиқи пешгӯиҳои ахири Хазинаи байнулмилалии асъор, соли равон афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Гурҷистон 10%-ро ташкил хоҳад дод. Бонки марказии Арманистон афзоиши ММД-и ин кишварро то 13% пешгӯи намуд. Ба гуфтаи Лаврова, иқтисоди Тоҷикистон имсол 7% рушд мекунад (пештар дар сатҳи 4-5% пешгӯӣ шуда буд).
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, қурби расмии сомонӣ нисбати доллар аз оғози сол 9,7% - аз 11,3 сомонӣ барои 1 доллар дар рӯзи 1 январи соли 2022 то 10,2 сомонӣ дар рӯзи 21 декабр) боло рафтааст.
Ҷараёни беқурбшавии доллар нисбати сомониро мутахассисони маҳаллӣ на ба вуруди зиёди шаҳрвнадони Русия ба Тоҷикистон, балки аз доллар ба рубл гузаштани савдои воридкунандагони маҳсулот аз Русия баъди ҷорӣ шудани таҳримҳои иловагӣ алайҳи Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб нисбат медиҳанд.
Гап сари он аст, ки ҳудуди аз се як ҳиссаи молу маҳсулот ба Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад. Пештар хариду фурӯши маҳсулот байни кишварҳо бо доллар анҷом дода шуда, аз моҳи апрел бо рубл сурат мегирад. Қурби ин ё он асъор дар навбати аввал аз рӯи талабот ба он муайян карда мешавад.
Бино ба маълуомти Агентии омори ҶТ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 4,7 млрд доллар молу маҳсулот ворид карда шудааст. Ҳиссаи воридот аз Русия 30% (зиёда аз 1,4 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки ҷараёни нисбатан бештар ба Тоҷикистон омадани шаҳрвандони Русия пас аз эълони қисман ба артиш сафарбарии русиягиҳо 21 сентябр сурат гирифт. Беқурбшавии доллар то сатҳи имрӯза бошад, хеле пештар аз ин - ҳанӯз нимаи тобистон оғоз гардида буд.