Қурби расмии рубли Русия нисбат ба пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ пас аз болоравии начандон зиёд дар охири моҳи декабр, дар соли нав боз ба поинравӣ шурӯъ намуд.
Қурби расмии рубл, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз оғози моҳи январ 2,6% - аз 0.1442 сомонӣ дар рӯзи 1 январ то 0.1405 сомонӣ барои имрӯз кам шуд.
Тағйирёбии қурби рубл нисбати сомонӣ аз аввали моҳи декабри соли гузашта ба мушоҳида расида, лекин босуръат поинравии он дар охири даҳаи дуюми моҳ ба назар расид. Дар маҷмӯъ, тайи моҳи ахир асъори Русия нисбат ба пули маҳаллӣ ба андозаи 11,3% беқурб шуд.
Қобили зикр аст, ки поинравии қурби рубл нисбат ба сомонӣ ба хароҷоти пулии оилаҳои муҳоҷирони тҷики машғули кор дар Русия таъсири манфӣ мерасонад.
Маблағи интиқол бо рубл дар нуқтаҳои бонкии Тоҷикистон аз соли 2016 бо дастури Бонки миллӣ танҳо бо арзи миллӣ (сомонӣ) бо қурби муқарраршуда дар замони мубодила дода мешаванд.
Агар 1 январ 1000 рубли Русия дар нуқтаҳои интиқоли маблағ 144,2 сомонӣ нарх дошт, пас имрӯз ба ивази он 140,5 сомонӣ медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, қурби расмии доллар нисбати сомонӣ аз аввали моҳи январ каме боло рафт (0,1%). Дар ин давра евро ба таври назаррас - 1,6% қимат шуд.
Соли 2022 барои арзи миллии Тоҷикистон ғайриодӣ омад - қурби сомонӣ дар баробари ҳар се асъор мустаҳкам шуд. Тайи як сол қурби расмии сомонӣ дар баробари рубл 3,7%, доллар - 9,4% ва евро - 14,8% боло рафт.
Асъори бештар серталаб дар Тоҷикистон маъмулан доллар ва рубл мебошанд. Аммо соли гузашта бар асари аз доллар ба рубл гузаштани савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Русия, ки дар натиҷаи таҳримҳои “дастаҷамъии кишварҳои Ғарб” ба роҳ монда шуд, талабот ба доллари амрикоӣ коҳиш ёфт. Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 4,7 млрд доллар молу маҳсулот ворид карда шудааст, ки зиёда аз 30% (беш аз 1,4 млрд доллар)-и он ба Русия рост меояд.
Ба ин тариқ, пурра ба рубл гузаштан дар савдо бо Русия талаботи рӯзонаи Тоҷикистонро ба доллар ҳамарӯза ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 4,2 млн доллар кам мекунад: аз 14 млн то 9,8 млн доллар. Мутаносибан, дар ҳамин ҳаҷм талаботи воридкунандагони молу маҳсулот ба рубли Русия зиёд мешавад.
Камбуди рубл дар бозори асъори Тоҷикистон чун пешин ба мисли доллар ба мушоҳида намерасад, зеро пули Русия ҳамарӯза дар ҳаҷми зиёд тариқи интиқол аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ба ҷумҳурӣ ворид мешавад.
Маълумот дар бораи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2022 аз ҷониби мақомоти расмии ҳар ду кишвар нашр намешавад, лекин ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ доир ба афзоиши назаррас дар муқоиса бо соли гузашта хабар медиҳанд.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар соли 2021 ҳаҷми умумии интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд долларро ташкил додааст, ки 94,3%-и он бо рубл, 5,6% - бо доллар ва 0,1%-аш бо евро ирсол шудааст.
На юге Таджикистана начали производить мотоциклы
Путин поздравил Трампа и «не имеет ничего против» возобновления контактов с США
Объявлен состав сборной Таджикистана на матчи против Непала и Афганистана в Душанбе
СМИ узнали о новом плане команды Трампа по завершению войны в Украине
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 ноября 2024 года
ТОП-10 знаковых для Таджикистана спектаклей
Как работает медицинский вытрезвитель в Душанбе: процесс приема и оказания помощи
Лимонно-желтая с вкраплениями пурпура. Вспоминаем краски осени в Таджикистане
В Хатлоне открыли автодорогу Бохтар-Левакант-Дангара
В Ассоциации рестораторов и отельеров Таджикистана сменился руководитель
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста