Ҳукумати Тоҷикитсон аз ҷалби қарзи бонкҳои аврупоӣ барои идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” худдорӣ мекунад, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода.
Қобили зикр аст, ки қаблан дар бораи ҷалби қарзҳо аз бонкҳои аврупоии Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) сухан мерафт.
Ғайр аз ин, соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” тариқи ҷойгир кардани вомбаргҳо (облигатсияҳо)-и давлатӣ бо меъёри 7,1%-и солона ба маблағи 500 млн доллар қарзҳо ҷалб шуда буданд.
Вазир зикр кард, ки айни замон ҷиҳати ҷалби грант ва қарзҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва баъзе дигар фондҳо бо шартҳои хуб гуфтушунидҳо ҷараён доранд.
Қаҳҳорзода таъкид дошт, ки тайи солҳои ахир муносибати мададрасонони молиявии имконпазир дар мавриди лоиҳаи неругоҳи “Роғун” тағйир ёфта, онҳо омодаанд, ки ба ин лоиҳа маблағгузорӣ кунанд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, пешниҳоди кумаки техникии Бонки ҷаҳонӣ (15 млн доллар) ва Бонки осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ (5 млн доллар) маъқул дониста шуда, инчунин доир ба ҷалби қарзи имтиёзноки Бонки исломии рушд бо таркибҳои грант ба маблағи 150 млн доллар тавофуқҳои пешакӣ ҳосил шудааст.
Ӯ зикр кард, ки дар ҳоли ҳозир бо ҳамаи мададрасононе, ки барои амалисозии лоиҳаи неругоҳи “Роғун” маблағгузории имтиёзнок бо шартҳои хубро пешниҳод карда метавонанд, гуфтушунидҳо гузаронида мешаванд.
Ҳамчунин ба гуфтаи вазири молия, барои сохтмони неругоҳи “Роғун” соли ҷорӣ аз маблағҳои буҷет 2,5 млрд сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, барои пурра амалисозии лоиҳаи НБО “Роғун” на камтар аз 5 млрд доллар маблағ лозим аст.
Охири моҳи декабр президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон зикр кард, ки соли 2022 барои анҷоми корҳои сохтмон дар неругоҳи “Роғун” 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 315 млн доллар) равона гардид.
Учительница-блогер с миллионными просмотрами. Как Наргис Курбонова покоряет соцсети и вдохновляет коллег
Таджикистанка рассказала, из-за чего паломники застряли в Саудовской Аравии
В Душанбе открыли памятник известному хафизу Одине Хошиму
Главы МИД СНГ утвердили Программу по укреплению безопасности на внешних границах Содружества
Таджикистан, Узбекистан и Кыргызстан подали совместную заявку на проведение Кубка Азии-2031 по футболу
Правительство Таджикистана поручило разобраться с распределением доходов Рогунской ГЭС
Таджикские сумоисты вернулись с бронзовыми медалями с международного турнира в Ташкенте
Как таджикский стартап zypl.ai привлёк $6 млн за 30 минут
МФСР инвестировал в сельское хозяйство в Таджикистане более $115 млн
Рустам Эмомали единогласно переизбран председателем Маджлиси милли
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста