Дар моҳи январи соли 2023 ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон 505 млн долларро ташкил дод, ки 12,5% камтар дар муқоиса бо ҳамин моҳи соли 2022 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳам содирот ва ҳам воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ коҳиш ёфт.
Дар ин давра аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 120 млн доллар молу маҳсулот содир шуд, ки 10,8% камтар нисбат ба моҳи январи соли 2022 мебошад.
Дар моҳи январ ба Тоҷикистон ба маблағи 385,1 млн доллар молу маҳсулот ворид карда шуд, ки 13,1% камтар нисбат ба моҳи январи соли 2022 аст.
Зиёда аз нисфи содирот аз маҳсулоти минралӣ (семент, маъдан ва консентрат, неруи барқ ва ангишт), 21,5%-аш аз фулузот (металлҳо)-и арзон ва маснуот аз он, 15%-аш аз маҳсулоти нассоҷӣ ва маснуот аз он иборат аст.
Ҳиссаи гурӯҳи молу маҳсулот дар сохтори воридот нисбатан дар як сатҳ буда, ҳеҷ кадоме аз он ба нишондиҳандаи 20% намерасад.
Нисбатан зиёдтар маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт, маъдан, консентрат ва ғайра) ба андозаи 17%, мошин ва таҷҳизот - 13,1%, маҳсулоти растанӣ (биринҷ, чой, қаҳва, сабзавот, мева, полезӣ, гандум ва дигар зироати ғалладона) - 9,3% аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд.
Касри тавозуни савдо (зиёдтар будани воридот нисбат ба содирот) 265 млн долларро ташкил додааст.
Дар моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 86 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.
Зиёда аз 60%-и гардиши моли хориҷии Тоҷикистон ба се давлат - Русия (22%), Чин (21%) ва Қазоқистон (20%) рост меояд.
Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми савдои дуҷониба бо ҳамаи кишварҳои дар боло зикршуда коҳиш ёфтааст:
бо Чин - 30%,
бо Қазоқистон - 18%,
бо Русия - 4%.
Савдои дуҷониба нисбатан зиёдтар (35%) бо Ӯзбекистон кам шудааст, ки тайи солҳои ахир дар гардиши моли хориҷии Тоҷикистон дар зинаи чорум қарор дошт.
Как в условиях Таджикистана питаться правильно, чтобы не нагружать организм. И чтобы было недорого
Войны, преследования, переселения. Как формировалась армянская диаспора Центральной Азии
R.I.P. Кого из выдающихся людей потерял Таджикистан в 2024 году
ТОП-15 самых читаемых новостей «Азия-Плюс» за 2024 год
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 января 2025 года
ТОП-10 самых просматриваемых видео «Азия-Плюс» за 2024 год
А будет ли оливье, елки и снег? Медиа Kit рассказывает, как мы будем отмечать Новый год в 2050-м
ООН: 115 тысяч сирийских беженцев вернулись на родину после падения режима Асада
Какие фильмы выйдут в прокат в 2025 году?
Боксер-профи из Таджикистана проведет первый бой в новом дивизионе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста