Дар Тоҷикистон ҷиҳати саноатикунонӣ (индустриякунонӣ)-и босуръат, ки ҳадафи чоруми стратегии рушди миллӣ эълон шудааст, тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, изҳор дошт вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир.
“Ҳамаи шароитҳо муҳайё буда, заминаи ҳадафноки мавҷудаи кишвар барои ҳарчи зудтар ва босифат ба ҳадафҳои пешбинишуда расидан имкон медиҳад”, - гуфт вазир рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар маросими анҷоми лоиҳа оид ба Барномаи сиёсати инноватсионӣ.
Роҳбари Вазорати саноат итминон медиҳад, ки тайи 5 соли ахир рушди воқеии саноати Тоҷикистон 2 баробар афзуд.
Сарфи назар аз натиҷаҳои ноилгардида, ӯ фароҳам сохтани муҳити бештар мусоиди сармоягузорӣ ва фазои соҳибкорӣ, такмили қонунгузории андоз ва беҳбуди имконоти содиротии кишварро зарур медонад.
Ба гуфтаи вазир, боз як масъалае, ки бояд роҳи ҳалли худро пайдо кунад, омодагии кадрҳо мебошад.
Вазъият бо кадрҳоро ӯ “буҳронӣ” номида, зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ барои гирифтани маълумоти касбӣ дар соҳаи саноат имконият нест.
Шералӣ Кабир инро чунин шарҳ дод, ки дар макотиби олии Тоҷикистон факултаҳои омодакунии мутахассиисони соҳаи саноат мавҷуд нестанд.
Ӯ илова намуд, ки саноатикунонии босуръат ба рушди тамоми иқтисоди кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли 2021 саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ҳадафи чоруми ҳукумати ҷумҳурӣ эълон шуд.
Мувофиқи Стратегияи милли рушд барои давраи солҳои 2016-2030, ҳукумат ният дорад, ки то аввали даҳсолаи оянда Тоҷикистонро ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил диҳад. Бо ин мақсад рушди иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва коҳиши вобастагии иқтисоди кишвар аз бахши кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, соли 2022 ҳиссаи саноат дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 17% ва бахши кишоварзӣ - 24,6%-ро ташкил дод. Як сол пеш ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 18,2% ва 24,1% баробар буданд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста