Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон, вуруди софи интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2022 ҳамчун омили асосии рушди иқтисодӣ боқӣ монда, ба ҳадди олии таърихии 49% расид.
Тибқи иттилои расмӣ, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ дар соли 2022 қариб ба 116 млрд сомонӣ (10,5 млрд доллар) расидааст.
Мутаносибан, интиқоли маблағ аз 5,2 млрд доллар гузаштааст, ки ин барои ҷумҳурӣ нишондиҳандаи рекордӣ мебошад. Қабл аз ин, воридоти аз ҳама бештари интиқоли пул дар соли 2014 - ҳудуди 4,2 млрд доллар сабт шуда буд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, ки интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон як манбаи муҳими коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон аст.
“Дар хонаводаҳо изҳор мекунанд, ки зиёда аз 80%-и пули интиқолёфта барои харидани маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳудуди 10%-аш барои қонеъ намудани дигар талаботи асосӣ, аз қабили тандурустӣ, манзил ва таълим ва боқимонда барои пасандоз, пардохти қарз ва дигар мақсадҳо истифода мешаванд”, - омадааст дар гузориш.
Ба ақидаи таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ, ин гувоҳи он аст, ки агар маблағҳои интиқолӣ намебуданд, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон хеле баландтар мешуд.
“Назарпурсиҳои Агентии омори Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки аз 22 то 30% аз даромади умумии хонаводаҳо ба интиқоли маблағҳо рост меояд, ки 90%-аш аз Русия ворид мешавад”, - таъкид мешавад дар гузориш.
Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои бештар вобаста ба интиқоди маблағҳо дар ҷаҳон боқӣ мемонад. Таъкид мешавад, ки ҳудуди 1 млн нафар муҳоҷирон дар Русия, асосан дар соҳаи сохтмон ва савдои чакана кор мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағ сохторҳои расмии Тоҷикистон ба намояндагони ВАО маълумот намедиҳанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста