Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода фаъолияти як қатор ноҳияҳои тобеи марказро, ки дар онҳо захираҳои замин ғайриоқилона истифода бурда мешаванд, мавриди интиқоди шадид қарор дод. Бо ҳамин сабаб истеҳсоли сабзавот, ки имрӯз аҳолии кишвар ба он ниёз дорад, кам шудааст.
Вазири кишоварзӣ, имрӯз 31 июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки нисбат ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ, Вазорат ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ бештар таваҷҷуҳ менамояд.
“Мутаассифона, бо сабаби самаранок истифода нашудани захираҳои мавҷудаи замин, дар бисёре аз ноҳияҳо имконоти мавҷудаи зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода бурда намешаванд. Масалан, дар ноҳияи Рӯдакӣ нишондиҳандаҳои нақша аз рӯйи кишти ҳеҷ яке аз маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка иҷро нашуданд. Дар таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат нақши зиёл доранд”, - гуфт вазир.
Ӯ таъкид дошт, ки дар ҳамаи заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ зироати ғалладона ва хӯрока кишт шуда, пас аз ҷамъоварии ҳосили онҳо, зиёда аз 7 ҳазор гектар заминро такроран истифода бурдан мумкин аст.
Аммо заминдорони ноҳияи Рӯдакӣ, ҳам фермерону ҳам хоҷагиҳои дастаҷамъӣ бо баҳонаи камобӣ ва обуҳавои номусоид, танҳо ба як ҳосил қаноат мекунанд.
“Ин ба истифодаи бесамари замин сабаб шуда наметавонад, кӯшиш кардан лозим аст, ки ҳарчи бештар ҳосил рӯёнида шавад”, - гуфт Ҳаким Қурбонзода.

Ба иттилои вазир, бо сабаби раҳбарияти бесамар раиси Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ аз мансабаш барканор шуд.
Нишондиҳандаи нақшаи кишти картошка дар Файзобод, Нуробод ва дигар ноҳияҳо низ иҷро нашудаанд.
Дар робита ба афзоши теъдоди аҳолӣ, талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ низ зиёд мешавад.
Масалан, ҳар моҳ ба Тоҷикистон барои қонеъ намудани талаботи аҳолии дар ҳоли афзоиш қарордошта 86-90 ҳазор тонна картошка лозим аст.
Майдони кишти он бошад, ҳамасола 30-33 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
“Замин дигар зиёд намешавад, - зикр кард вазир. - Аз ин рӯ, ҳосилнокии картошкаро аз 1 гектар зиёд кардан ва ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партфташуда дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ лозим аст”.
Ҳакимзода ноҳияи Нурободро мисол овард, ки дар он ҷо заминҳои зери минтақаи обанбори “Роғун” аз гардиши кишоварзӣ бароварда шудаанд, лекин барои пурра зери об мондани ин заминҳо зиёда аз 15 сол вақт лозим аст ва дар ин ҷо ҳоло ҳам ҳосили хуби карошка ва лӯбиёгӣ гирифтан мумкин аст.
Бо вуҷуди ин, ҳамчунин хабар дод вазир, дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмӯъ 7,9% зиёд шудааст.
Аз ҷумла ҳосили рекордии зардолу гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта ду баробар зиёдтар аст.
Ҳаҷми афзоиши дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз 1 то 10,2% афзуда, картошка, ангур, тухм ва асал аз ин шумор истисно мебошанд. Ҳаҷми истеҳсоли онҳо аз 0,3% то 4,1% кам шудааст.
Душанбе открывает сезон Кубка мира по велоспорту UCI Mountain Bike Eliminator-2025
Таджикские дзюдоисты отправятся на чемпионат Азии-2025 в Таиланд
Хатлонская область Таджикистана подверглась нашествию саранчи
В Таджикистане началась «Неделя детской и юношеской книги»
79% воды в Центральной Азии уходит на орошение – доклад ЕАБР и ЮНИДО
Скоро граждане Таджикистана станут богаче. Или скатятся в бедность
Шавкат Мирзиёев назвал «историческим» первый саммит «Центральная Азия – Евросоюз»
В ООН призвали правительства «проводить политику, гарантирующую равные права людей с аутизмом»
ЕБРР запустил демонстрационные участки по проектам зеленой экономики в Хатлоне
Нам 29. Информационное агентство «Азия-Плюс» отмечает день рождения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста