Ҳаҷми истихроҷи нафт дар Тоҷикистон дар нимолаи аввали соли ҷорӣ 9,1 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки 3,4 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Дар Вазорат зикр мекунанд, ки истихроҷи нафт дар ширкатҳои «Петролеум Суғгд» (ба миқдори 2,6 ҳазор тонна), «Нафту газ» (130 тонна), «Ҳасан и К» (80 тонна) ва «Сетос» (65 тонна) коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, яке аз сабабҳои коҳиши нафт “кам шудани фишори қишрӣ (фишори паст ба партоби нокофии нафт аз чоҳ боис мегардад - эзоҳи муаллиф) мебошад. Ҳамчунин сабаби коҳиш “қатъи интиқоли барқ дар давраи зимистон” ва “ба таври бояду шояд роҳандозӣ нашудани корҳо оид ба барқарор намудани чоҳҳо аз ҷониби ширкати “Петролеум Суғд” маънидод мешавад.
Бино ба маълумоти Агентии омор, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар корхонаҳои коркарди нафти кишвар 675 тонна бензин, 676 тонна сӯзишвории дизелӣ (солярка), 1,7 ҳазор тонна мазут ва 1,6 ҳазор тонна битум истеҳсол шудааст.
Тибқи маълумоти Агентии зиддиинҳисорӣ, дар ин давра ба ҷумҳурӣ ҳудуди 442 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст.
Маҳсулоти нафтӣ асосан аз Русия, ки 85,4% аз ҳаҷми умумии он ба Русия рост меояд, инчнуин аз Қазоқистон (5,1%), Туркманистон (4,4%), Ӯзбекистон (2,6%), Беларус (1,4%) ва дигар кишварҳо (1,1%) оварда шудааст.
Мувофиқи маълумоти расмии пешакӣ, дар Тоҷикистон захираҳои бузурги боигариҳои табиӣ, аз ҷумла маводи сӯзишворӣ мавҷуд аст: зиёда аз 1 млрд тонна нафт ва 6-7 триллион метри мукааб газ, ки вазни хоси онҳо нисбат кишварҳои ҳамсоя зиёдтар мебошад.
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар Тоҷикистон 23 кони маводи сӯзишворӣ боз шуда, ҳаҷми солонаи истихроҷи нафт то 400 ҳазор тоннаро ташкил медод.
Сборная Таджикистана поднялась в рейтинге ФИФА
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 29 ноября 2024 года
Как в Таджикистане дискриминируют беременных женщин
Что сказал Эмомали Рахмон коллегам по ОДКБ?
Путин на заседании ОДКБ объявил о начале серийного производства «Орешника»
Завершилась акция «VISA Direct» Банка Эсхата: кто стал обладателем «iPhone 15»?
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
В Таджикистане впервые проведена операция на сосудах головного мозга
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста