Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Москва бо президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин мулоқот кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноату кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
"Вилояти Суғд дорои имконияти зиёд буда, метавонад дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноату кишоварзӣ бо сармоягузорони рус ҳамкории судманд тавсеа бахшад", - гуфтааст Аҳмадзода.
Сергей Катирин таҳкими равобити иқтисодиро ба манфиати ҷонибҳо номида, илова кард, ки ташкили намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муарифии имконияти мавҷуда барои шиносоии бештари сармоягузорон ва ҷалби онҳо ба амалисозии лоиҳаҳои муҳим мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 5-уми декабр дар Палатаи савдо ва саноати Русия намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муаррифии имконияти вилояти Суғд баргузор гардид.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста