Барои сохтмони Неругоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” ба ҳисоби миёна ҳамасола 1 млрд доллари ИМА лозим аст, гуфт Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод, ки имрӯз, 1-уми феврал, баргузор шуд. Ба гуфтаи ӯ, барои сохтмони пурраи неругоҳ 6,2 млрд доллари ИМА лозим аст.
Ба таъкиди Далер Ҷумъа, ин рақам бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ маълум шуда, ҳамаи арзёбиҳоро гузашт ва шубҳа намондааст. Ӯ бо боварӣ гуфт, ки бо ин маблағ Тоҷикистон сохтмони НБО "Роғун"-ро ба анҷом мерасонад.
Вазири энергетика ва захираҳои об гуфт, барои сармоягузорӣ ба неругоҳ бо беш аз 10 шарики рушд гуфтушунид доранд.
“Баъзеи онҳо моҳи феврал ва баъзеи дигар дар моҳи июни соли равон оид ба натиҷаи гуфтушунид хабар медиҳанд. Ман наметавонам маблағи ин гуфтушунидҳоро эълон кунам. Мо танҳо ҳамон вақт метавонем эълон намоем, ки созишномаҳо расман тасдиқ шаванд”, - афзуд ӯ.
Далер Ҷумъа гуфт, кӯшиш мекунанд, ки агрегатҳои НБО “Роғун”-ро дар вақти муайяншуда аз ҷониби ҳукумат ба истифода диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28-уми декабри соли гузашта зимни ироаи паёми худ ба парлумони кишвар эълон карда буд, ки агрегати навбатии нерӯгоҳи барқи обии Роғун (3-юм) дар соли 2025 ба истифода дода мешавад. Вай таъкид кард, ки дар соли 2023 барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” 5 миллиард сомонӣ (456 миллион доллар) ихтисос дода шудааст.
Далер Ҷумъа, дар нишасти матбуотии имрӯза, оид ба маблағгузорӣ ба ин неругоҳ ва рӯзи муайяни ба истифода додани агрегатҳои он иттилои бештар надод ва гуфт, “аз ин бештар чизе гуфта наметавонам, чунки сохтмони нерӯгоҳ аз тарафи гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо идораи мешавад”.
Сохтмони НБО-и Роғун то кунун танҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ сурат гирифтааст. Интизор меравад, ки дар соли нав маблағҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои анҷоми кор ҷалб карда шаванд. Сармоягузорони эҳтимолии лоиҳа Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории Аврупо, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Рушди АвруОсиё ва ғайра мебошанд.
Тибқи иттилои Вазорати молия, аллакай созишномаҳо оид ба ҷалби қарзи имтиёзнок бо Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё ба маблағи 500 миллион доллар, инчунин бо Фонди рушди Саудӣ ба маблағи 100 миллион доллар ба имзо расидааст.
Аз оғози соли 2023 барои идомаи сохтмони он зиёда аз 3 млрд сомонӣ, аз ҷумла 2,6 млрд сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва 427 млн сомонӣ аз ҳисоби фурӯши барқи дар ду агрегати ин неругоҳ истеҳсолшуда равона гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2008, замоне, ки корҳо дар иншооти неругоҳи “Роғун” барқарор шуданд, нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ мешуд. Баъдан соли 2016 зикр шуд, ки арзиши он 3,9 млрд долларро ташкил медиҳад. Нимаи соли 2022 Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ дар бораи зарурати ҷалби 5 млрд доллар барои анҷоми пурраи татбиқи лоиҳа хабар дод. Ҳамин тариқ, моҳи декабри соли 2023 маълум шуд, ки барои сохтмони пурраи неругоҳ 6 млрд доллар лозим аст.
Тибқи маълумоти ҳукумати ҷумҳурӣ, аз оғози корҳои барқароркунӣ ва идомаи сохтмон (аз соли 2008) аз буҷети кишвар ба бунёди неругоҳи “Роғун” зиёда аз 35 млрд сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Маълумотномаи “Азия-Плюс”
НБО «Роғун» аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.
Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар неругоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.
Всемирный банк презентовал в Душанбе Доклад о климате и развитии
Храп и апноэ во сне: как лишний вес ставит под угрозу ваш отдых и здоровье?
Япония построила школу в селе Таги Чинор в Истаравшане
Президент запустил футбольную школу и обувную фабрику на севере Таджикистана
Таджикистан в октябре поставил соседям электричество на 3,8 миллионов долларов
TİKA подарило спортинвентарь баскетболистам-колясочникам Таджикистана
"Мы ничего не знаем". Суд по делу известных политиков вновь прошел за закрытыми дверями
В Казахстане закрыли проезд по мосту между Европой и Азией
Власти Абхазии усмотрели в действиях протестующих признаки госпереворота
На каких условиях Казахстан будет приобретать энергию Рогунской ГЭС?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста