Ҳар ҳафта ба Тоҷикистон электромобилҳои тамғаи гуногун ворид карда мешаванд. Кадом тамға ва моделҳо бештар писандидаанд ва чӣ нарх доранд?
Дар бораи электромобилҳои бештар серхаридор дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” воридкунандагони электромобилҳо ва намояндагони ширкатҳои таксие, ки автомашинаҳоро ба иҷора медиҳанд, маълумот доданд.
Кадом электромобилҳоро мехаранд ва нархи онҳо чӣ қадар аст?
Ба гуфтаи воридкунандагон, айни замон дар Тоҷикистон харидорони асосии электромобилҳо ширкатҳои таксӣ ё худи ронандагони таксӣ мебошанд, ки аз ин ширкатҳо автомашина мегиранд.
Электромбилҳои дараҷаи баланд (премиум-класс) аз қабили Tesla, Lucid Air, Mercedes-Benz EQS Sedan, BMW i7 ва ғайра хеле кам ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Онҳо аз 60 ҳазор то 250 ҳазор ва ҳатто болотар аз ин нарх доранд.
“Аз харидории ин электромобилҳои премиум-класс, масалан Tesla шахсони сарватманд дар Тоҷикистон ҳарос мекунанд, зеро дар як видео аз ИМА нишон дода мешавад, ки чӣ гуна онҳо хеле зуд корношоям мешаванд. Беҳтараш мардум ягон электромобили истеҳсоли Чинро мехаранд, зеро ду баробар арзонтару агар вайрон шавад ҳам, хароҷоташ он қадр зиёд нест”, - изҳор дошт Айёмиддин Аслонов, соҳибкори машғул ба воридоти электромобилҳо ба ҷумҳурӣ.