То 1 январи соли 2024 ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 30,2%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст. Дар ин бора имрӯз, 16 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод.
Ӯ зикр кард, ки дар сохтори қарзи давлатӣ 3,2 млрд доллар ё 89%-ашро қарзи хориҷӣ ва 400 млн доллар ё худ 11%-ашро қарзи дохилӣ ташкил медиҳад.
Вазир таъкид дошт, ки таносуби қарзи хориҷӣ ба ММД то 1 январи соли ҷорӣ 26,9%-ро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, барои пардохти қарзи хориҷӣ дар соли гузашта ҳудуди 275 млн доллар равона шудааст, аз ҷумла 187 млн доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва ҳудуди 88 млн доллар - барои пардохти фоизи қарзҳо.
“Таъмини иҷрои уҳдадориҳои давлатии молиявӣ дар доираи нақшаи тасдиқшуда роҳандозӣ гардида, қафомонӣ дар пардохти қарз ба созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва давлатҳои ҷудогона вуҷуд надорад”, - гуфт Қаҳҳорзода.
Вазир зикр кард, ки соли гузашта дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои кишвар Вазорати молия барои амалисозии 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 571,7 млн доллар 26 созишнома ба имзо расонид.
“Дар ин маблағ 374,1 млн доллар ё худ 65%-ро грантҳо, 191,6 млн доллар ё худ 33,5%-ро қарз ва 6 млн долларро ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ташкил медиҳад”, - изҳор дошт вазир.
Мувофиқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар соли 2023 ба миқдори 15 млн доллар зиёд шудааст.
Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Бонки содироту воридоти Чин боқӣ мемонад, ки ҷумҳурӣ аз он каме бештар аз 900 млн доллар қарздор аст.
Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (371 млн доллар), Бонки осиёии рушд (268 млн доллар), Бонки исломии рушд (212 млн доллар) ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (167 млн доллар) қарзҳои нисбатан зиёд дорад.
Дар сохтори қарз евробондҳо (500 млн доллар) низ мавҷуданд, ки соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ҷалб шуда буданд. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, ҳоло танҳо фоизҳои қарз аз рӯи ин коғазҳои қиматбаҳо пардохт карда мешаванд.
Соли гузашта барои пардохти фоизҳо ҳудуди 36 млн доллар равона гардида буд.





В Раште молодожены погибли от отравления угарным газом
Тяжелоатлет из Таджикистана установил новый мировой рекорд в пауэрлифтинге
Трамп выразил разочарование тем, что Зеленский не изучил мирное предложение США
Пенсионеров Таджикистана переводят на цифровую идентификацию
20 метров в сутки: Ледник Дехдал в Таджикистане снова начал двигаться
Ушел из жизни ветеран «Памира» Владимир Сысенко
В отношении двух жителей Таджикистана составлен протокол за незаконный отлов щеглов
Театр оперы и балета возродит мужские национальные танцы
В Душанбе задержали четверых мужчин в центре «Dream»
МВД Таджикистана прокомментировало пожар на территории рынка «Корвон»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста