Захираҳои об дар обанбори Норак, ки тамоми силсилаи неругоҳҳои барқи обии Вахшро бо об таъмин мекунад, метавонад аллакай аввали ҳафтаи оянда ба охир расад. Энергетикҳо акнун танҳо ба обуҳаво умедворанд.
Вазъи таъминоти ҷумҳурӣ бо барқ ҳафтаи наздик метавонад боз бадтар шавад. Гап сари он аст, ки захираҳои об дар обанбори Норак қариб ба охир расида, маҷро (ҷараён ё вуруд)-и оби дарёи Вахш бар асари обуҳавои номусоид ба таври назаррас кам шудааст.
Намояндагони ширкати “Барқи тоҷик”, ки пас аз бозсозии сохтори бахши электроэнергетика танҳо ба истеҳсоли барқ машғул аст, рӯзи 3 апрел барои рӯзноманигорон сафар ба Норакро ташкил карданд.
Дар ин ҷо ба мо тамоми душвории вазъи кунуниро нишон доданд.
Обанбор қариб холӣ буда, маҷрои оби дарёи Вахш дар сатҳи хеле паст боқӣ мемонад, ки ҳаҷми истеҳсоли барқро коҳиш медиҳад.
Ба гуфтаи муовини сармуҳандиси НБО “Норак” Анвар Киромиддинов, захираи об дар обанбор дар сатҳи 857 м 64 см қарор дорад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 м 7 см камтар аст.
Бо назардошти маълумоти додаи Киромиддинов, 52 м 36 сантиметри захираҳои обанбор аллакай истифода шуда, то нуқтаи ниҳоӣ ҳамагӣ 64 см боқӣ мондааст.
Қобили зикр аст, ки сатҳи ниҳоии пур кардани обанбори Норак ба 910 метр аз сатҳи баҳр баробар буда, ба истилоҳ нуқтаи ниҳоӣ, ки пас аз он тибқи регламентти техникӣ истифодаи оби обанбор қатъиян манъ мешавад, дар сатҳи 857 метр ҷойгир шудааст.
Мутахассиси НБО “Норак” таъкид дошт, ки дар вазъи мавҷуда лозим меояд, ки захираҳои боқимонда хеле эҳтиёткрона истифода шаванд: тайи шабонарӯзи ахир 12 см захираи обанбор истифода шудааст.
Ҳатто дар сурати дар чунин ҳаҷми ночиз истифода шудан ҳам, захираҳо метавонанд пурра дар муддати 5 рӯзи наздик ба охир расанд.
Ба гуфтаи Киромиддинов, маҷрои об дар дарёи Вахш рӯзи 3 апрел ҳамагӣ 295 метр дар як сонияро ташкил медиҳад, ки 151 метри мукааб дар як сония камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Мутахассисони НБО “Норак” зикр карданд, ки барои пурра таъмин кардани кишвар бо бо барқ, маҷрои дарё бояд зиёда аз 500 метри мукааб дар як сонияро ташкил диҳад.
Киромиддинов таъкид дошт, ки чунин вазъи душвори вобаста ба камбуди об барои истеҳсоли барқ тайи 12 соли ахир ба мушоҳида нарасидааст.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии ҶСК “Барқи тоҷик” Нозир Ёдгорӣ бо истинод ба пешгӯии обуҳавошиносон изҳори умедворӣ намуд, ки аз аввали ҳафтаи оянда гамршавии ҳаво дар назар аст, ки ба зиёдшавии маҷрои об дар дарёи Вахш мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи мутахассисолни НБО “Норак, фароҳам шудани обуҳавои мусоид метавонад вазъияти таъминот бо барқро ба таври назаррас тағйир диҳад.
Онҳо таъкид доштанд, ки каме гармшавии ҳаво, ки то сардиҳои ҳозира ба мушоҳида расид, маҷрои дарёи Вахшро дар рӯзҳои башумор то 340 метри мукааб боло бурд.
Сармуҳандиси НБО “Норак” Маҳмадамин Маҳмадсаидзода зикр кард, ки тайи шабонарӯзи ахир (2 апрел) истеҳсоли барқ дар НБО “Норак” ҳамагӣ 14 млн киловатт-соатро ташкил додааст.
Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 21 млн киловатт-соат баробар буд.
Айни замон ҳудуди 70%-и таъминоти ҷумҳурӣ бо барқ ба НБО “Норак” рост меояд. Ғайр аз ин, аз ҳаҷми об дар обанбори он таъминот бо оби ҳамаи дигар силсилаи неругоҳҳои Вахш (6 НБО) вобаста аст.
Хроникаи лимити барқ
Реҷаи маҳдуд ё хул лимити интиқоли барқ ба деҳот, ки дар он 70%-и аҳолии кишвар зиндагӣ мекунад, аввали мавсими тирамоҳу зимистони гузашта - аз 20 сентябри соли гузашта оғоз шуд.
То батамом душвор шудани вазъият, охири зимистон аҳолӣ субҳ 3 соат ва шомгоҳон - 5-6 соат барқ мегирифтанд.
Охири моҳи феврал вазъият дар минтақаҳо боз душвортар шуда, баъзан истеъмолгарон шабонарӯзӣ бе барқ мемонданд. Дар ҳамин ҳол, натанҳо хонаводаҳо, тавре ки пештар буд, балки муассисаҳои тиббӣ ва мактабҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва савдо низ бо маҳдудияти шадид дучор шуданд.
Гузашта аз ин, қатъи интиқоли барқ ба сокинони шаҳрҳо, аз ҷумла пойтахти ҷумҳурӣ низ оғоз шуд.
Дар ҳамин ҳол, ширкати машғул ба тақсимоти барқ ин вазъро ба ҳеҷ гунае шарҳ надода, интиқоли маҳдуди он аз ҷониби намояндагони ниҳод ва ширкатҳои энергетикӣ ба ҳар гунае рад мешуд.
Илова бар ин, дар рӯзи аввали фасли баҳор бар асари нуқсони бузургмиқёс дар системаи электроэнергетикии кишвар, дар баробари қатъи интиқоли барқ, интиқоли гармӣ ва об ҳам қатъ шуда, ҳамчунин тоҷикистониён аз алоқаи мобиливу Интернет низ маҳрум шуданд.
Интиқоли барқ баъди зиёда аз се соат барқарор шуда, лекин мушкили интиқоли гармӣ рӯзҳои минбаъда ҳам вуҷуд дошт.
Баъдтар маълум шуд, ки интиқоли барқ ба ҷуз ВМКБ, қариб ба тамоми ҷумҳурӣ қатъ шуда буд. Бар асоси мувофиқа бо давлат ВМКБ системаи энергетикии мухтор дошта, он аз ҷониби ширкати хусусии “Помир-Энержи” идора мешавад.
Намояндагони ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе” танҳо бо гузашти ду шабонарӯз, қатъи сартосарии барқро дар системаи электроэнергетикии кишвар садамаи технологӣ дар хатҳои магистралии шиддати баланди ҷумҳуриявӣ маънидод карданд.
Сарфи назар аз вазъи душвори таъминот бо барқ, намояндагон ширкат бори навбатӣ мавҷуд будани лимтиро рад карда, гуфтугузорҳо дар бораи онро “иғвоангезиҳои баъзе ВАО” унвон карданд.
Президент Грузии вышла на протест против приостановления переговоров о вступлении в ЕС
Сборная Таджикистана поднялась в рейтинге ФИФА
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 29 ноября 2024 года
Как в Таджикистане дискриминируют беременных женщин
Что сказал Эмомали Рахмон коллегам по ОДКБ?
Путин на заседании ОДКБ объявил о начале серийного производства «Орешника»
Завершилась акция «VISA Direct» Банка Эсхата: кто стал обладателем «iPhone 15»?
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста