Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 100% афзуд.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 21,4 млн сомониро ташкил дод, ки 109,6% зиёдтар нисбат ба 6 моҳи соли 2023 мебошад.
Дар сохтори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ба мушоҳида мерасад, ҳам дар растанипарварӣ ва ҳам дар чорводорӣ.
Аз ҷумла, ба маблағи 14 802 млн сомонӣ маҳсулоти растанипарварӣ истеҳсол шудааст, ки 110,9%-и нишондиҳандаи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми маҳсулоти чорводорӣ 6 670 млн сомониро ташкил дода, ба 106,7% баробар аст.
Бино ба маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли зироати ғалладона дар ин давра 685 340 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 19 900 тонна зиёдтар мебошад. Картошка дар ҳаҷми 267 111 тонна истеҳсол шуда, 5 501 тонна зиёд шудааст.

Ҳамчунин имсол 129 050 тонна сабзавот (111,4% нисбат ба соли гузашта), 113 747 тонна биринҷ (138,0%), 39 408 тонна мева (121,3%), 362 тонна ангур (115,4%) ва 15 821 тонна зиёдтар хӯрокаи чорво (103,6%) истеҳсол шудааст.
Дар соҳаи чорводорӣ низ тамоили мусбат ба қайд гирифта шуда, дар зарфи 6 моҳи соли равон 107,6 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки 6,8 ҳазор тонна ё худ 6,7% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Ёдрас мекунем, ки соли 2023 дар Тоҷикистон 342 ҳазор тонна гӯшти гову гӯсфанд, инчунин зиёда аз 55 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шуд.
Сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт, он ҳоло ҳам наметавонад талаботи аҳолиро қонеъ кунад. Бино ба маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли гӯшт бо вазни зинда ҳудуди 235-240 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бо назардошти вазни гӯшт пас аз забҳ бо меъёри 40,8 кг он тақрибан ба 24 кг гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол рост меояд.
Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон дар сатҳи 58% худро бо гӯшт таъмин мекунад ва ин дар муқоиса бо 25-30%-и даҳ сол пеш хеле беҳтар буда, лекин ҳоло ҳам кофӣ нест ва рушди минбаъдаи соҳаи чорводориро тақозо мекунад.
Удобно, полезно и приятно: салоны связи «МегаФон-Таджикистан» работают для всех
В Ашхабаде пройдет министерская встреча ЕС – Центральная Азия под председательством главы евродипломатии
Таджикские трудовые мигранты получили возможность обеспечить себя на родине пенсией
Зеленский выразил надежду на отказ США снять санкции против России
Футболист из Ганы с таджикским паспортом выиграл в ФИФА спор с «Равшаном»
Срок – до конца апреля. Власти Таджикистана призвали мигрантов легализоваться в России
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 марта 2025 года
Навруз на Памире: здесь точно знают, как изгнать духов и исполнить мечту
Еще один футболист из Таджикистана переехал в Беларусь
Что делать, если больше не хватает сил держать рузу?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста