Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, зимни ҷаласа зикр шуд, ки дар зарфи ним сол дар маҷмӯъ 7330 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва 6588 дастур дода шудааст.
“Ҳамчунин дар ин давра нисбати 6634 ҳолати қонунвайронкунӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3 млн 992 ҳазору 371 сомонӣ қарори ҷаримабандӣ қабул ва аз он 2 млн 936 ҳазору 487 (ё 74%) сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст”, - омадааст дар хабари Кумита.
Дар баробари ин, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 656 мавод ба прокуратура ва 378 адад мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол гардида, 5188 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин(ё 70%), дар маҳал бартараф карда шудааст.
Дар Кумита зикр кардаанд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузории замин дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Кумитаи давлатӣ бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҷмӯъ 40 маротиба риояи қонунгузории заминро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода, ба мақомоти дахлдор хулоса пешниҳод намуд.
Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезияи ҷумҳурӣ Ориф Хоҷазода ду сол пеш дар ҷараёни нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки дар Тоҷикистон ҳамарӯза 37 ҳолати вайрокунии қонунгузории замин ошкор мешавад. Имрӯз ин рақам то ба 40 ҳолат расидааст.
“Имрӯз масъалаи замин баҳси №1 шудааст, - изҳор дошта буд он замон Хоҷазода. - Мо кормандони бевиҷдонро аз кор озод кардаву ҷазо медиҳем, лекин аз ҷониби дигар, кадрҳои бовиҷдону саводнок намерасанд”.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста