Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии рушди байнулмилалии Корея (КОIСА) дар бораи оғози гуфтушунидҳо ҷиҳати таҳияи заминаи техникиву иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ - Панҷи Поён” протокол ба имзо расониданд.
“Ҳадафи аслии лоиҳаи мазкур роҳ ёфтан ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) аст”, - изҳор дошт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.
Ба гуфтаи ӯ, роҳи оҳани пешбинишуда ба таъмини рушди савдои минтақавӣ, дар ҳолати хуби коршоям нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди сохташуда, камшавии сарборӣ ва тезонидани суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард мусоидат мекунад.
“Дар сурати амалисозии муваффақонаи лоиҳа Тоҷикистон ба кишвари ҷолиби транзитии роҳи оҳан табдил ёфта, ҳамлу нақли бору маҳсулот бо кишварҳои ҳамсоя зиёд мешавад, ки ин дар навбати худ ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳои минтақа судманд аст”, - иброз дошт вазир.
Иҷрокунандаи вазифаи сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Ким Ҷун Сик изҳор намуд, ки татбиқи лоиҳа боз як қадамест ба самти ояндаи пешрафтаи Тоҷикистон. “Ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба баҳр роҳи баромад пайдо карда, ҳалқаи калидӣ барои ҳамлу нақли байнулмилалӣ шавад”, - гуфт ӯ.
Сафир зикр кард, ки ин аввалин лоиҳаи Кореяи Ҷанубӣ оид ба сохтмони роҳҳои оҳан дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Ӯ изҳори итимон кард, ки корҳо дар муддати се сол пурра ба анҷом мерасанд.
Дар Вазорати нақлиёт таъкид мекунанд, ки протокол аз рӯи натиҷаҳои якчанд марҳилаҳои гуфтушунид байни ҷонибҳо ба имзо расида, ҳамаи ҷанбаҳои тадорукотиву ҳуқуқии ҷараёни таҳияи заминаи техникиву иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ - Панҷи Поён”-ро танзим мекунад. Арзиши пешбинишудаи таҳияи он 4 млн доллар арзёбӣ мешавад.
Масофаи роҳи оҳан то марзи Афғонистон ҳудуди 51 километрро ташкил медиҳад. Дар ин роҳ сохтмони 28 пул ва 160 низоми обпарто пешбинӣ шудааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста