Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи соли 2024 муомилот (гардиши савдои хориҷӣ) байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ бо доллари ИМА то 36% поин ва бо рубли русӣ то 60% афзоиш ёфт. Ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли 2021 ин рақам баръакс буд. Яъне муомилот 30,5% бо рубли русӣ ва 66,4% бо доллари ИМА сурат мегирифт.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 7-уми август сабаби инро ба “ҳолати номуайяниҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон” рабт дод, ки ба гуфтааш “ҳоло ҳам ҷой дорад ва барои паст кардани хавфҳо аз ҷониби дилхоҳ давлат, аз ҷумла Тоҷикистон корбарӣ рафта истодааст”.
“Вақтҳои охир тамоюли пастшавии пардохтҳо байни шарикони савдо бо доллари ИМА ба назар мерасад. Агар вақтҳои охир (соли мушаххасро ном набурд-муаллиф) ҳиссаи пардохтҳо бо доллари ИМА 60% бошад, охири моҳи июни соли 2024 ин баръакс 60% бо рубли русӣ ва 36% бо доллари ИМА ба амал оварда шуд”, - гуфт раиси БМТ.
Ба иттилои Фирдавс Толибзода, ҳаҷми пардохтҳо бо пули миллӣ дар ин давра “каме зиёд шуд ва дар доираи 1 фоиз қарор дорад”.

Баъди оғози ҷанг дар Украина ва таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, Русия бо кишварҳои шарики тиҷоратии худ, аз ҷумла Тоҷикистон муомилотро бо пули миллӣ ба роҳ андохт.
Ба иттилои Радиои Озодӣ, моҳи июни соли 2022 ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як барномаи зиддибуҳронии махсус тасмим гирифта буд, ки воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе аз ашёи хомро аз хориҷа бо рубли Русия ва юани Чин ба роҳ монда, дар додугирифти байнулмилалӣ то ҳадди мумкин истифодаи долларро камтар кунад.
Ин иқдом дар пасманзари ҳамлаи Русия ба Украина ва болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон гирифта шудааст.
Дар яке аз бандҳои "Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ" гуфта мешавад, шартномаи ширкатҳои "воридкунандагони молу маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла гандум, маҳсулоти сӯзишворӣ, равғани растанӣ, чӯбу тахта, металҳои сиёҳ (арматура) ва ашёи хом барои истеҳсоли молҳои ватанӣ" "аз доллари амрикоӣ ба рубли русӣ ё юан" иваз карда шавад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста