Чойхонаи миллии маъруф ба “Харбуза” дар шаҳри Ҳисорро ба фурӯш гузоштаанд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ арзиши биноро 34,9 миллион сомонӣ (беш аз 3 миллион доллар) муайян кардааст. Музояда рӯзи 27-уми сентябр баргузор мешавад.
Бинои “Чойхонаи миллӣ”, ки намуди зоҳириаш ба харбуза монанд аст, соли 2015 ба ифтихори 3000-солагии шаҳри Ҳисор сохта шудааст ва ҳоло аз кор бозмонда, ба таъмир ниёз дорад.
Тибқи маълумот, бинои мазкур бо сармояи Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва “Агроинвестбонк” сохта шудааст. Дар гузашта чойхонаи “Харбуза” хусусӣ буд ва дар пайи қарздории “Агроинвестбонк” ба ҳисоби давлат гузашт.
Чойхона аз ду ошёна иборат буда, ошёнаи дуюмаш шакли харбузаро дорад. Ба ин макон бештар сокинону сайёҳони хориҷӣ барои тамошо мерафтанд. Бар иддаои мақомот баъди ифтитоҳи чойхона 100 нафар бо кор таъмин мегардиданд, аммо ба қавли сокинон ин чойхона се моҳ фаъолият кардаасту халос.
Чойхона аз соли 2016 инҷониб фаъолият намекунад ва бинои он ба таъмир ниёз дорад.
Дар соли 2020 Шарифҷон Ҷумъазода, раиси пешини шаҳри Ҳисор гуфта буд, ки дар Чойхонаи “Харбуза”, “маркази бузурги омода намудани оши палави тоҷикӣ” ба фаъол мешавад. Ҳоло маълум мешавад, ки маркази ош ҳам нашудааст.
Чойхонаи шакли харбуза бо номи «Харбуза» дар майдони 4,7 гектар сохта шудааст.
Баландии чойхона 43 метр, дарозиаш 100 метр, бараш 55 метр мебошад. Гуфта мешуд, ки дар ошёнаи якуми муассиса панҷ ошхона, дар ошёнаи дуюми чойхона барои 1 ҳазору 300 меҳмон ҷой пешбинӣ шудааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста