Дар моҳи октябри соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 3,8 млн доллар барқ содир намуд. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ба сурати умум аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 102,4 млн доллар неруи барқ интиқол ёфтааст, ки ин нишондиҳанда 3,2% ё худ 3,4 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Ҳиссаи интиқоли барқ ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ-октябр 6,6%-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентӣ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 18,6 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 1,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Тибқи маълумоти ҶСК “Барқи тоҷик”, дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқ дар ҳаҷмҳои начандон зиёд танҳо ба Афғонистон интиқол дода мешавад. Қарордоди интиқол ба Ӯзбекистон танҳо дар мавсими тобистон амал мекунад.
Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳоти Тоҷикистон айни замон дар ҳаҷми маҳдуд - 3 соат субҳ ва 5 соат шомгоҳон бо неруи барқ таъмин карда мешаванд.
Аз маҳдудияти интиқоли барқ ба ҷуз ВМКБ, сокинони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шикоят мекунанд. Низоми энергетикии ВМКБ дар реҷаи ҷудогона аз системаи марказии энергетикии кишвар амал карда, аз ҷониби ширкати хусусии “Помир энержи” идора карда мешавад.
Реҷаи маҳдуд ё худ лимити интиқоли барқ ба аҳолии деҳоти Тоҷикистон аз даҳаи охири моҳи сентябр оғоз шуд.
Интиқоли неруи барқ натанҳо ба истеъмолгарони маишӣ, балки ба нуқтаҳои фурӯш ва корхонаҳои хурд низ қатъ мешавад, ки дар маҷмӯъ ба иқтисоди кишвар зиёни зиёд ба бор меорад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста