Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 октябри соли равон 3 млрд 250,4 млн долларро ташкил додааст, ки 0,2% ё худ 7,1 млн зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи 1 январи соли ҷорӣ аст.
Ҳудуди 96% дар сохтори қарзи берунаи кишвар ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад.
Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ 138,8 млн долларро ташкил медиҳад.
Таносуби қарзи хориҷӣ вобаста ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар сатҳи қаноатбахш - 27% қарор дорад.
Қарздиҳандаи бузург ба Тоҷикистон Чин мебошад, ки ҷумҳурӣ ба он ҳудуди 1 млрд доллар қарздор аст.
Ҳамчунин Тоҷикистон дар ҳаҷмҳои нисбатан зиёд ба Бонки ҷаҳонӣ ($370 млн), Бонки осиёии рушд ($260 млн), Бонки исломии рушд ($212 млн), Бонки аврупоии таҷдиду рушд ($167 млн) қарздор аст.
Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз евробондҳо (500 млн доллар) қарздор аст, ки соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” ҷалб шуда буданд. Ин қарз мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда ва ҳоло танҳо фоизҳои он тибқи ин коғазҳои қиматнок пардохт мешавад.
Дар назар аст, ки соли оянда ҳукумат барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” қарзҳои шарикони рушдро ҷалб кунад ва ин ҳаҷми қарзи хориҷиро ба таври назаррас зиёд хоҳад кард.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста