Дар нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз оғози соли 2024 тағйироти гуногун мушоҳида шуд — баъзе маҳсулот қимат шуда, вале арзиши бархе аз маҳсулоти дигар поин рафт.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ нархҳо ба сабзавоту мева, шакар ва орд ба таври назаррас поин рафтанд. Дар ин давра лимӯ (лимон) 16,4%, себ - 2,4%, ангур - 1,6% арзон шуда, нархи пастттарини себ дар бозорҳо моҳи октябр 4,80 сомонӣ ва лимон - 5,50 сомониро ташкил дод.
Нархи сабзавот ба сурати умум 4,7% поин рафт. Ба ин тариқ, сабзӣ 20,3%, пиёз - 3,7%, картошка - 1,7 арзон шуда, нархи пасттарини сабзӣ 1,46 сомонӣ ва картошка - 4,00 сомониро ташкил медиҳад.
Шакар (қанд) 9,5% арзон шуда, ҳоло нархи пасттарини 1 килои он 10,70 сомониро ташкил медиҳад. Орди истеҳсоли маҳаллӣ дар муқоиса бо аввали сол ба таври назаррас - 9% арзон шуд.
Коршиносон поинравии нархҳоро ба ин маҳсулот ҳам ба омилҳои мавсимӣ ва ҳам афзоиши истеҳсол дар дохили кишвар рабт медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, болоравии назарраси нархҳо ба дигар маҳсулоти хӯрокворӣ мушоҳида мешавад. Аз ҳама зиёдтар маснуоти ширӣ ва гӯштӣ, инчунин баъзе сабзавот қимат шуданд.
Шир 8,8% (1 литр ба ҳисоби миёна 6,53 сомонӣ) қимат шуд. Арзиши ҷурғот (кефир) то ба 18 сомонӣ расида, 1 кило панир (сир)-и маҳаллӣ ба ҳисоби миёна 87,6 сомонӣ ва 1 кило равғани маска (сливочное масло) - 100 сомонӣ нарх доранд.
Байни маснуоти гӯштӣ аз ҳама бештар нархи гӯшти гов ба андозаи 26,2% ва гӯшти гӯсфанд - 17,3% боло рафта, 1 килои гӯшти лаҳм имрӯз бо нархи 100-120 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Нисбат ба моҳи гузашта баъзе навъи сабзавот қимат шуд. Масалан, болоравии нарх ба бодиринг 18,9%-ро ташкил дода, нархи 1 кило ба ҳисоби миёна то 10 сомонӣ зиёд шуд.
Арзиши қаланфури булғорӣ 10,2% ва помидор - 7,5 боло рафта, дар муқоиса бо аввали сол биринҷ зиёда аз 9% қимат шуд.
Коршиносон болоравии нархҳоро ба омилҳои мавсимӣ ва афзоиши хароҷот ба истеҳсолу хароҷоти нақлиёт ва захираи маҳсулот (логистика) марбут медонанд.





Мухаммад Наимов техническим нокаутом проиграл Майрону Сантосу на UFC 323
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 декабря 2025 года
Мебельные цеха в Душанбе, где делают качественную уютную мебель
В Душанбе сносят УМВД. Рассказываем историю этого здания
Сколько лет нужно копить на квартиру в странах Центральной Азии?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 декабря 2025 года
«Когда всё хорошо - песни не пишутся»: Мубориз Усмонов о вдохновении, дружбе и пути артиста
Сборная Узбекистана узнала соперников на жеребьевке ЧМ-2026
Что такое фемицид и как с ним борются в Европе, Азии и на Кавказе
Зоир Джурабоев продлил контракт с «Согдианой» и проведёт в клубе ещё один сезон
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста