Далер Ҷумъа, вазири энернетика ва захираҳои оби Тоҷикистон панҷ далел ба изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар мавриди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар зарфи 2,5 соли оянда изҳори назар кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумони кишвар охири соли гузашта гуфт, ки аз моҳи майи соли 2027 камбуди неруи барқ дар кишвар пурра аз байн бурда шуда, ҷумҳурӣ ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" мерасад.
“Камбуди мавсимии барқ (дар давраи тирамоҳу зимистон, - эзоҳи муаллиф) 1,5 млрд киловатт-соат арзёбӣ мешавад”, - гуфт вазири энергетика рӯзи 30 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ӯ, баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ айни замон дар панҷ самт корҳо ҷараён доранд
1. Ба истифода додани агрегати сеюми (№4) нерӯгоҳи “Роғун”. Баланд бардоштани сатҳи об дар обанбор, иқтидори неругоҳро се баробар зиёд мекунад. Ғайр аз ин, танзими захираҳои об дар обанбори “Роғун” ба 400 Мегаватт (МВт) баланд бардоштани иқтидори нерӯгоҳҳои амалкунанда дар поёноби дарёи Вахш имкон медиҳад.
2. Соли равон дар ноҳияи Роштақалъаи ВМКБ неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
3. Таъмиру навсозии айни замон бузургтарин неругоҳи барқи обии кишвар – “Норак”, инчунин неругоҳҳои “Қайроққум” ва “Сарбанд” то соли 2027 иқтидори умумии ин неругоҳҳоро 431 МВт зиёд мекунад.
4. Коҳиши сатҳи талафоти нерӯи барқ ба сарфакорона истифода бурдани он аз ҷониби аҳолӣ боис мегардад.
5. На дертар аз соли 2027 мавриди истифода қарор додани ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 400 МВт.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика иқтидори муқарраршудаи барқи кишвар, ҳудуди 6000 МВт-ро ташкил медиҳад.
Дар ин ниҳод ваъда медиҳанд, ки айни замон ба корбарони маишӣ дар минтақаи деҳот дар як шабонарӯз 8-10 соат барқ дода мешавад, лекин сокинони деҳот шикоят мекунанд, ки хеле камтар ва баъзан ҳатто як шабонарӯз барқ намегиранд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста