Созишномаи сохтмони дарозтарин пули мошингузар дар Осиёи Марказӣ, ки дар болои дарёи Сурхоб дар ноҳияи Нурободи Тоҷикистон сохта мешавад, ба имзо расидааст.
Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад, ки созишномаи мазкурро Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар ва Ли Минкун, намояндаи ширкати чинии “Zhejiang Communications Construction Group Co. Ltd” рӯзи 21-уми феврал имзо карданд.
Арзиши умумии лоиҳа ҳудуди 59,8 миллион доллар (427,5 миллион юан) буда, он бо маблағгузории Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ сохта мешавад.
Тибқи қарордод, пул (купрук)- и мазкур дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи шоҳроҳи Обигарм-Нуробод, ки 79 км дарозӣ дорад, сохта мешавад. Дарозии пул 920 метр буда, бо шумули роҳҳои ба он васлшаванда дар умум 79 км дар канори дарёи Сурхоб дар ноҳияи Нуробод сохта мешавад.
Пули мазкур дар мӯҳлати 4-сол бояд сохта, ба истифода дода шавад.
То ҳол корҳои техникию иқтисодӣ ва омӯзиши лоиҳаи пул ба анҷом расонида шудааст. Аммо маълум нест, ки сохтмони он кай оғоз мегардад.
Қаблан палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи қарзӣ байни ҳукумати кишвар ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохториро оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод тасдиқ карда буд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар дар шарҳи созишнома ба вакилон гуфта буд, ки мувофиқи қарордоди ба имзорасида ҳаҷми умумии қарзи ҷалбшаванда 75,5 млн долларро ташкил медиҳад. Қарз ба муҳлати 29 сол, аз ҷумла бо 6 соли давраи имтиёзнок пешниҳод карда мешавад.
Дар умум барои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба маблағи 3,3 млрд сомонӣ (зиёда аз 300 млн доллар) сарф карда мешавад.
Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ бо пешниҳоди Чин таъсис дода шудааст. Ҳадафи аслии ниҳоди молиявии мазкур ҳавасмандсозии ҳамкории молиявӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Осиё унвон шудааст.
Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ соли 2014 таъсис ёфта, айни замон 57 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои он мебошанд. Қароргоҳи Бонк дар Пекин воқеъ аст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста