Бахши кишоварзии Тоҷикистон бо буҳрони доимӣ дучор аст: иҷро нашудани нақшаи киштукор, пойгоҳҳои обкашии аз кор бозмонда,таназзули заминҳо, вобастагӣ ба воридоти тухмӣ ва зотҳои чорво, дастгирии сусти сармоягузорӣ ва логистикаи начандон рушдёфта.

Дар семинар-машварати ҷумҳуриявӣ, ки 17 май дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, президенти Тоҷикистон мушкилоти доғи соҳаро зикр карда, аз сохторҳои масъул чораҷӯиро талаб кард.

Дар ин мавод мо дар бораи самтҳои калидие, ки дар онҳо соҳаи кишоварзӣ ба мушкилот дучор асту зарурат ба тағйироту ислоҳ дорад, маълумот медиҳем.

Киштукори баҳорӣ иҷро нашуд, бахусус картошка

Соли 2025 киштукори баҳорӣ дар Тоҷикистон 94% иҷро шуд. Киштукори як қатор зироати стратегии пешбинигардида иҷро нашуд: картошка - ҳамагӣ 73% ва сабзавот - 91%. Вазъият бахусус дар вилоятҳои Хатлону Суғд душвор аст.

Президент зарурати бартараф кардани ин камбудиҳоро таъкид кард

“Вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пурра ба анҷом расонидани кишти баҳории зироатҳо, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва гирифтани 2 – 3 ҳосил тадбирҳои муассир андешанд...”.

Ҷамъоварии картошка
Сурат: Asia-Plus

Сарвари давлат дар ноҳияи Ховалинг ба миқдори ҳамагӣ 25% ва ноҳияи Панҷакент ба андозаи 47% иҷрои шудани нақшаи кишти картошкаро мисол овард.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, то 16 майи соли 2025 дар 424 ҳазору 165 гектар заминҳои Тоҷикистон киштукори баҳорӣ гузаронида шудааст.

Барномаи обёрӣ чаро суст амалӣ мешавад?

Зимни суханронии худ президенти мамлакат ба вазъи ташвишовар дар соҳаи обёрӣ ва истифодаи замин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, зарурати чораҷӯии таъҷилиро таъкид дошт.

Айни замон дар кишвар 56 пойгоҳи обкашӣ аз кор бозмондаанд:

— 18-то — дар вилояти Хатлон

— 16-то — дар вилояти Суғд

— 22-то — дар шаҳру навоҳии тобеи марказ

Дар натиҷа зиёда аз 12 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ аз обёрӣ бозмонда, бо назардошти тариқи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ гардидани ҳудуди 60%-и заминҳои кишт дар ҷумҳурӣ, ин вазъият бахусус ташвишовар аст.

Эмомалӣ Раҳмон аз ба таври бояду шояд амалӣ нагардидани Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2022 – 2027 изҳори нигаронӣ кард, аз ҷумла дар ноҳияҳои Дарвоз, Лахш, Ишкошим, Роштқалъа, Ҷайҳун ва дигар ноҳияҳо.

Сурат: Asia-Plus

Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои шӯршавӣ, эрозия, зиёд шудани заминҳои партов, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани онҳо, инчунин, аз худ кардани заминҳои нав ва бо усули обёрии қатрагӣ зиёд намудани масоҳати заминҳои кишт дастур дода шуд.

Дар ин робита ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин кори ҳамаи пойгоҳҳои обкаширо барқарор намуда, ба корҳои азхудкунии заминҳои нав, ҷорисозии технологияҳои муосир ва низоми сарфаи об, инчунин пешгирии шӯршавӣ ва таназзули заминҳо тақвият бахшанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои сол ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор бояд ба ҳукумат аз корҳои иҷрошуда ҳисобот диҳанд.

Ноҳияи Носири Хусрав
Сурат: Asia-Plus

Тухмӣ ва чорво: воридот ба ҷойи парвариш

Дар семинар-машварати ҷумҳуриявӣ президент ҳамчунин мушкилоти рӯзмарра дар соҳаи тухмипарварӣ ва парвариши чорвои зотиро зикр кард.

“Зарур аст, ки фаъолияти дурусту самараноки хоҷагиҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ, ниҳолпарварӣ ва растанипарвариро ҳатман таъмин карда, вобастагии хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат аз тухмӣ, ниҳол, чорво ва парандаи хушзоти воридотӣ коҳиш дода шавад”, - изҳор дошт сарвари давлат зимни суханронӣ.

Сурат: Asia-Plus

Аз 128 хоҷагии тухмипарварӣ 14 хоҷагӣ тамоман фаъолият намекунад ва як қисми хоҷагиҳо фаъолияти ғайримақсаднок доранд. Хоҷагиҳои зикршуда бо муассисаҳои илмӣ ва олимони соҳа ҳамкорӣ надоранд ва дорои қитъаҳои тухмипарварии ибтидоӣ ва парваришгоҳҳо нестанд, инчунин, заминаи моддиву техникии онҳо коста гардида, заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро ба дигар заминистифодабарандагон ба иҷора додаанд.

Воридот ҳарчи бештар истеҳсолоти ватаниро иваз мекунад: танҳо дар соли 2024 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 111 млн сомонӣ зиёда аз 51 тонна тухмӣ оварда шудааст, ки аз имконоти дохилии заифи соҳаи тухмипарварӣ гувоҳӣ медиҳад.

Дар хоҷагиҳои зотпарварӣ низ вазъият начандон хуб аст: аз 80 хоҷагии зотпарварӣ 19 хоҷагӣ ба парвариши чорвои зотӣ машғул нест ва хоҷагиҳои мазкур талаботи аҳолӣ ва хоҷагиҳои кишоварзии кишварро бо чорвои хушзот барои такрористеҳсолкунӣ пурра қонеъ карда наметавонанд.

Соҳаи занбӯриасалпарварӣ

Ба гуфтаи сарвари давлат, дар соли 2024-ум 4,8 ҳазор тонна асал истеҳсол гардида, нисбат ба соли қаблӣ танҳо 4 фоиз зиёд шудааст ва содироти он ҳамагӣ 2,3 тоннаро ташкил додааст.

Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 285 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ҳамагӣ 5,6 фоиз зиёд мебошад.

“Хотиррасон месозам, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 20-уми июни соли 2023 вобаста ба зиёд намудани оилаи занбӯри асал ва содироти асал ба масъулини соҳа супоришҳои дахлдор дода шуда буд, ки иҷрои онҳо андешидани чораҳои иловагиро тақозо менамояд”, - таъкид дошт президент.

Сурат: Asia-Plus

Зикр шуд, ки ҳарчанд дар кишвар барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ шароити мусоид мавҷуд аст, вале истеҳсол ва содироти асал ҳоло ҳам ба имкониятҳои мавҷуда мутобиқ нест.

Маблағгузорӣ ба истеъмол меравад

Дар семинар-машваратаи ҷумҳуриявӣ президент ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба зарурати тавсеъаи дастгирии бахши кишоварзӣ бо сармоягузорӣ ва пешниҳоди қарз ҷалб намуд, зеро ба гуфтаи ӯ, ин соҳа барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори кишвар аҳаммияти ҳалкунанда дорад.

Мувофиқи маълумоти пешниҳодгардида, давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ба иқтисоди кишвар 15,4 млрд сомонӣ сармоягузории хориҷӣ ҷалб шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49% зиёдтар мебошад.

Лекин ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҳамагӣ 812 млн сомониро ташкил додааст, ки ба 5,5% аз маблағи умумӣ баробар аст.

Вазъият дар ин смат бахусус дар вилояти Хатлон ташвишовар аст: ҳаҷми умуимии сармоягузориҳои ҷалбшуда ҳамагӣ 27 млн сомониро ташкил дода, маблағгузориҳои мустақим умуман сурат нагирифтааст.

“Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарияти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва вазорату идораҳои марбутаро зарур аст, ки фаъолияти худро ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ куллан вусъат бахшанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.


Дар соҳаи пешниҳоди қарзҳо низ вазъият начандон хуб аст. Аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ 9,1 миллиард сомонӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра аз ҳаҷми умумии қарзи додашуда ҳамагӣ 14 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ ва 11 фоиз ба соҳаи саноат рост меояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда кофӣ нест.

Ба Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шуд, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат, махсусан, дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Фоидаи аздастрафта: логистикиа ба содирот халал мерасонад

Президент ҷудогона зикр кард, ки вилояти Хатлон дар самти парвариш ва содироти маҳусулоти кишоварзие, ки бармаҳал мепазад, аз имкониятҳои зиёд бархӯрдор аст, лекин он ба таври пурра истифода намешавад.

Рушди сусти логистика, норасоии анборҳои муосир ва нуқтаҳои бандубаст, инчунин ҳамоҳангсозии нокофӣ байни сохторҳои соҳавӣ аз ҷумлаи сабабҳои чунин вазъ зикр шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи 163 млн сомонӣ сабзавоту мева содир шудааст, ки 15% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар ҳамин ҳол, камшавии содироти пиёз ба қайд гирифта шудааст: ба андозаи 2,6 ҳазор тоннаё худ 36%, ки боиси нигаронист.

Дар ин робита сарвари давлат ҷиҳати суръат бахшидан ба сохтмони ду маркази агрологӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Ҷалолиддини Балхӣ дастур супоришҳо дод.

Иншооти мазкур бояд нигаҳдориву захира, навъбандиву бастубанд ва интиқоли маҳсулоти кишоварзиро дар сатҳи меъёрҳои муосир, дар навбати аввал бо таваҷҷуҳ ба содирот таъмин кунанд.

Ҳамчунин барои таъмини содирот даъват шуд, ки бо Хадамоти гумрук ва роҳи оҳан ҳамкориҳо ба роҳ монда шаванд.

“Агентии содирот, Хадамоти гумрук, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, бо таъсис додани ситоди корӣ фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Сурат: Asia-Plus

Ба зарурати ташкили содироти маҳсулоти кишоварзӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқол ва коҳиши талафот таъкид шуд, ки на танҳо дастгирии деҳқон, балки манбаи ворид шудани асъор барои кишвар аст.

Рушди логистика ва содирот яке аз механизмҳои гуногунсамт кардани иқтисод, бахусус дар шароити ноустувории глобалӣ, тағйирёбии иқлим ва болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ муайян карда шудааст.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки амалисозии муваффақонаи ин вазифаҳо ба кори муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагони тиҷорат ва кормандони бахши кишоварзӣ вобаста аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.