Дар зарфи чаҳор моҳи соли 2025 ба Тоҷикистон ҳудуди 2,5 млрд доллар молу маҳсулот ворид шуда, ҳаҷми содирот ҳамагӣ 636 млн долларро ташкил додааст. Дар ин бора Оҷонси омори Тоҷикистон хабар медиҳад.
Касри тавозуни тиҷоратӣ (зиёд будаи воридот нисбат ба содирот) ҳудуди 1,9 млрд доллар баробар шудаст.
Воридоти мол давоми моҳои январ-апрели соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 қариб 24% (ба маблағи зиёда аз 473 млн доллар) афзуда, дар ҳамин ҳол, содироти молу маҳсулот 13% (95 млн доллар) кам шудааст.
Ҳаҷми воридот дар навбати аввал аз ҳисоби харидани востаҳои нақлиёт, аз ҷумла локомотиву вагонҳо, инчунин мошину таҷҳизот (генератор, турбина, пойгоҳҳои обкашӣ, муҳаррикҳо ва ғайра) зиёд шудааст.
Дар сохтори воридоти кишвар вазни қиёсии нисбатан баланд ба маҳсулоти минералӣ (18,7%), воситаҳои нақлиёт (13,6%), мошину таҷҳизот (12,6%) ва фулузот (металлҳо)-и арзон (10,2%) рост меояд.

Коҳиши содирот аосан бар асари поинравии ҳаҷми фурӯши фулузот ва сангҳои қиматбаҳо (247 баробар - аз 299 млн доллар дар моҳҳои январ-апрели соли 2024 то 1,2 млн доллар дар ҳамин давраи соли равон) ба вуҷуд омад. Ҳамчунин ҳаҷми содироти маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан, консентратҳо ва дигар маҳсулоти ашёи хом) низ ба таври назаррас кам шуд.
Содироти кишвар дар зарфи 4 моҳи аввали ҳамин сол асосан (80%) аз маҳсулоти ашёи хом, аз ҷумла фулузоти арзон (алюминии аввалия) ва маҳсулоти минералӣ иборат буд.

Ба сурати умум, гардиши савдои хориҷии кишвар дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ каме бештар аз 3,1 млрд долларро ташкил додааст, ки 13,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад.

Тавозуни манфии тиҷоратӣ чӣ хавфҳо дорад?
Касри тавозуни тиҷоратӣ ба коҳиши вуруди сармояи хориҷӣ, ки дар навбати аввал барои харидории маҳсулоти ҳаётан муҳим ва ашёи хом аз хориҷа зарур аст, оварда мерасонад. Бо асъори миллии мо касе дар хориҷа чизе ба мо намефурӯшад.
Яъне, агар содирот ба таври назаррас аз воридот кам бошад, ба ҷумҳурӣ асъор кам ворид мешавад, ки ин имконоти ҷумҳуриро барои харидории захираҳои зарурӣ, технологияҳо ва маҳсулоти дигар маҳдуд месозад.
Мувофиқи қонунҳои бунёдии иқтисод, барои рӯйпӯш сохтани каср ҷалби қарзҳои беруна, қарзҳо ё коҳиши захираҳои асъорӣ лозим аст. Ҳамаи ин ба афзоиши қарзи хориҷӣ боис гардида, сарбории молиявиро ба буҷет ва насли оянда зиёд мекунад.
Ғайр аз ин, касри зиёди тавозуни тиҷоратӣ ба асъори миллӣ ва афзоши таваррум фишор меорад. Иқтисодчиён инро чунин шарҳ медиҳанд, ки коҳиши вуруди асъор камбуд дар бозори асъорро тақвият бахшида, ба заъифшавии пули миллӣ боис мегардад. Беқурбшавӣ арзиши маҳуслоти воридотиро зиёд карда,ба болоравии нархҳо ва бадшавии имконоти харидории аҳолӣ оварда мерасонад.
Ғайр аз ин, вобастагии зиёд аз воридот, иқтисодро ба тағйироти нархҳо дар ҷаҳон, буҳронҳои сиёсӣ ва монеъаҳои логистикӣ осебпазир мегардонад, ки метавонад ба камбуди маҳсулоти муҳим боис шавад.
Ҳамчунин дар ҳолати касри доимии содирот, модели иқтисодӣ бисёр вақт ба хариди маҳсулоти тайёр такя мекунад, ки ҳавасмандиро ба рушди истеҳсоли миллӣ, инноватсияҳо ва содирот коҳиш медиҳад.

Илова бар ин, касри тавозуни тиҷоратӣ эътимоди сармоягузорони хориҷиро паст мекунад, ки метавонад ба коҳиши вуруди сармоя ва сустшавии рушди иқтисод оварда расонад.
Ба ин тариқ, қариб чор баробар зиёд будани воридот нисбат ба содирот аз тавозунҳои манфии ҷиддии сохторӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дарак медиҳад.
Барои рушди устувор мутахассисони байнулмилалӣ андешидани тадбирҳо оид ба гунгунсамт кардани иқтисод, ҳавасмандсозии истеҳсол ва содирот, инчнуин назорат аз болои маблағҳои вурудӣ аз хориҷаро тавсия медиҳанд.
Чӣ моро наҷот медиҳад?
Ба туфайли интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ба кишвар асъори назаррас ворид мешавад, ки сарфи назар аз касри бузурги тавозуни тиҷоратӣ, ба Тоҷикистон барои хариди молу маҳсулот дар хориҷи кишвар имкон медиҳад. Ин маблағҳо ба сарчашмаи калиии асъор табдил ёфта, фарқият байни содирот ва воридотро ҷуброн месозанд ва устувории иқтисодиро нигоҳ медоранд.
Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ҳудуди 5,8 млрд долларро ташкил дод, ки 27% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад. Ин ҳудуди 45% аз ҳаҷми Маҷмӯи маҳслуоти дохилӣ (ММД)-и кишвар буда, Тоҷикистонро ба яке аз пешсафон аз рӯи ҳиссаи пулҳои интиқолӣ дар иқтисод табдил додааст.

Қисмати асосии интиқоли маблағро муҳоҷирон таъмин мекунанд, ки асосан дар Русия ва дигар кишварҳои ИДМ кор мекунанд.
Ин маблағҳо талаботи дохилиро дастгирӣ ва захираҳои асъорро муситаҳкам карда, ба воридоти маҳсулоти зарурӣ барои таъмини ҳаёти рӯзмарра ва рушди иқтисод имкон фароҳам меоваранд.
Интиқоли маблағҳо инчунин ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат намуда, рушди иқтисодоро аз ҳисоби хароҷоти истеъмолӣ ҳавасманд месозанд. Аммо вобастагии зиёди иқтисод аз ин маблағҳо тибқи арзёбии мутахассисон, хавфҳои марбут ба омилҳои берунаи иқтисодӣ ва хориҷӣ, инчунин сиёсати муҳоҷирати кишварҳои таъинотро ба вуҷуд меоранд.






Хранитель Сиёмы. Какой он, отшельник Иван Брагин?
Apple и Google заявили о возможных хакерских атаках на пользователей в Центральной Азии
Служба связи Таджикистана предупредила о мошеннических звонках от имени мобильных операторов
Таджикистан и ООН обсудили разработку новой программы сотрудничества по устойчивому развитию на 2027–2030 годы
В Таджикистане выросло число ищущих работу: вакансий меньше, чем желающих трудоустроиться
2,7 млрд человек получили доступ к воде, но ухудшение экосистем ставит под угрозу достигнутый прогресс, — доклад АБР
Таджикские дети, вернувшиеся с войны, снова учатся мечтать
В Раште молодожены погибли от отравления угарным газом
Тяжелоатлет из Таджикистана установил новый мировой рекорд в пауэрлифтинге
Трамп выразил разочарование тем, что Зеленский не изучил мирное предложение США
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста