Рӯзи 22-юми июн дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе бо иштироки деҳқонону боғдорон аз тамоми манотиқи кишвар ҷашни Тиргон бо баргузории “Иди зардолу” ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” таҷлил мегардад.
Аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҷашни Тиргон дар асоси амри президент ва қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” мегузарад.
Дар ин ниҳод гуфтанд, имсол дар ҷашни Тиргон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, навъҳои меваҳо ва хушкмеваҳо, инчунин, намудҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ баргузор мешавад.
“Дар “Иди зардолу” ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” деҳқонуну боғдорон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок карда маҳсули дастранҷи худро ба намоиш мегузоранд. Дар чорабинӣ намояндагон аз ҳукумати кишвар, вазорати фарҳанг ва дигар ниҳодҳои марбута низ ширкат мекунанд. Инчунин, чорабинии фарҳангӣ низ баргузор мешавад ва дар охир ба фаъолони соҳа ҷоиза супорида мешавад”,-гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 208,3 ҳазор гектар майдони боғу токзорҳо мавҷуд буда, 68 ҳазор гектари онро боғҳои зардолу ташкил медиҳанд.
Дар кишвар ба ҳолати 1-уми июни соли ҷорӣ 44,5 ҳазор тонна мева истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аз ҷумла истеҳсоли зардолу 27,3 ҳазор тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,2 тонна бештар аст.
Имсол ҷашни Тиргон ба феҳристи рӯзҳои ид дар ҷумҳурӣ шомил гардид ва рӯзи таҷлили он 1-уми июл муқаррар шудааст. Дар Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, ки ба хотири ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузории идро чанд рӯз пеш ба нақша гирифтаанд.
Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад.
Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад, ки онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир баргузор мекарданд ва ҷашн нуҳ рӯз таҷлил мешуд. Аз ин чашн маросиму одатҳое боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста