Дар Тоҷикистон, ки офтоб қариб тамоми сол нурафшонӣ мекунад, энергетикаи ҷойгузин ё худ алтернативӣ дигар на танҳо як тамоюл, балки зарурат шудааст. Яке аз корхонаҳои бузурги Хуҷанд ба иқдоми хуб даст зада, қисме аз истеҳсолоташро нерӯи барқи офтобӣ гузаронидааст.

Чаро ин иқдом судманд аст, чӣ имконоти наве барои корхона боз шуд ва чаро оянда маҳз ба чунин қарорҳо вобаста аст?

"Арча" яке аз корхонаҳои пешсафи истеҳсоли мебел дар Хуҷанд аст, ки маҳсулоти он дар саросари ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад. Ин корхона ба гурӯҳи ширкатҳои "Фортуна-Ко" шомил аст, ки беш 25 сол дар бозор фаъолият дорад.

Дар бораи гузариш ба энергияи офтобӣ ва чӣ гуна ба як бахши стратегии рушди корхона табдил ёфтани он бо Муъмин Умаров, муовини аввали роҳбари ширкат суҳбат кардем.

 

Чаро нерӯи барқи офтобӣ?

Истеҳсоли мебел бидуни таъмини мунтазам ва устувор бо барқ ғайриимкон аст. Бахусус агар бобати таҷҳизоти дақиқиаш баланди аврупоӣ сухан равад, ки на танҳо кори бе танаффус, балки риояи дақиқи ҳамаи нишондиҳандаҳои иқтидорро талаб кунад.

“Ҳатто каме тағйирот ё ҷаҳишҳои ночиз метавонанд ба вайроншавӣ ва хароҷоти ҷиддӣ барои таъмир боис шаванд.Аз ин рӯ, масъалаи суботи энергетикӣ барои мо ҳамеша калидӣ буд”,- зикр мекунад Муъмин Умаров.
Муъмин Умаров

Идеяи истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия дар корхона ҳанӯз солҳои 2013-2014 рӯйи кор омада буд.

“Ба сифати иқдоми аввалин оид ба истифодаи манбаи алтернативии таъминот бо гармӣ мо ба коркарди партовҳои истеҳсолӣ ва табдил додани онҳо ба брикетҳои сӯзишворӣ оғоз карда, онҳоро дар мавсими тирамоҳу зимистон барои гармидиҳӣ истифода мебурдем. Ин усул самараи худро нишон дода, ба мо имкон дод, ки дар тӯли даҳ сол муваффақона фаъолият кунем”,- мегӯяд Умаров.

Иштирок дар ҳамоишҳои Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар шаҳрҳои Самарқанд ва Ирвон барои гузаштан ба энергегияи офтобӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин ҷо ширкат машваратҳои арзишманд гирифта, итминон ҳосил кард, ки панелҳои офтобӣ дар дигар кишварҳои ИДМ ва Аврупои Шарқӣ муваффақона мавриди истифода қарор дошта, ба коҳиши назарраси хароҷот ба нерӯи барқ кумак мекунанд.

“Таҳлили  таҷрибаи ҳамтоён нишон дод, ки энергияи офтобӣ на танҳр сарфакорӣ, балки рушди устувор аст. Мо тасмим гирифтем, ки қафо намонем ва бо коршиносони байнулмилалии машғул ба масоили самаранокии энергетикӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамаҷониба ба ҳамкорӣ оғоз кардем”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Давоми чанд моҳ мутахассисон истифодаи нерӯи барқро таҳлил намуда, вариантҳоро моделсозӣ ва роҳҳои ҳалли беҳтаринро интихоб карданд.

Таҳлили истифодаи нерӯи барқ

Дар натиҷа интихоб ба нерӯгоҳи офтобии иқтидораш 218 кВт рост омад, ки аввали соли 2025 насб ва ба истифода дода шуд. Таҷҳизот аз Чин, ки дар истеҳсоли технологияҳои пешрафтаи энергетикаи офтобӣ пешсаф аст, ворид карда шуд.

Расидани таҷҳизот аз Чин

Барои мисол: чунин як нерӯгоҳ метавонад ҳамасола як маҳаллаи хурди истиқоматӣ -  тақрибан 60–70 бинои миёнақабатро бо нерӯ таъмин намояд.

 

Вақте ки рақамҳо гувоҳанд

Системаи муосири офтобӣ танҳо панелҳо дар бом нест. Ин як маҷмааи мураккабест, ки сохторҳои фулузии руҳпӯш, панелҳои дуҷонибаи дорои самаранокии баланд ва инвертор (табдилдиҳандаи ҷараёни барқ)-и шабакавиро дар бар мегирад ва энергияи офтобиро барои эҳтиёҷоти истеҳсолот табдил медиҳад.

Оғози насб

Муъмин Умаров зикр кард, ки ба туфайли ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои ватанӣ, ташхису мониторинг ва насби система бе мушкилот анҷом дода шуданд.

Ҳамгироии система ба шабакаи барқии шаҳр низ бидуни мушкилот сурат гирифт.

«Система солона ба сарфаи то 342 000 кВт имкон медиҳад, ки 42% аз истеъмоли умумии энергияро ташкил медиҳад. Ҳамасола метавон тақрибан 250 ҳазор сомонӣ сарфа карда, партовҳои карбонро то 166,6 тонна коҳиш дод», — гуфт ҳамсуҳбат.

Агар содатар гӯем, ин миқдори нерӯи барқест, ки тақрибан 100 хонаи истиқоматии намунавӣ дар тӯли як сол истифода мебаранд.

Сатҳи коҳиши партовҳои гази карбонӣ ба он баробар аст, ки ҳазор дарахти калонсол дар як сол ҳаворо тоза мекунанд.

Ба гуфтаи Умаров, танҳо дар чор моҳи аввали кор (феврал-майи соли 2025) панелҳои офтобӣ 91 800 кВт нерӯи барқ истеҳсол карданд, ки ба сарфаи зиёда аз 74 ҳазор сомонӣ имкон дод.

Гузоштан ва насби таҷҳизот

Дар моҳи май корхона қариб нисфи нерӯи худро бо энергияи офтобӣ - 47,8% аз ҳаҷми умумӣ таъмин карда, дар моҳҳои тобистон ин нишондиҳанда метавонад то ба 70% зиёд шавад.

Донистан муҳим аст, ки ҳар қадр ҳаво гармтару офтобӣ бошад, ҳамон қадр самаранокии кори панелҳо хубтар ва сарфаи нерӯи барқ бештар мешавад.

 

Пулашро мебарорад

Барои амалисозии лоиҳа 1,5 млн сомонӣ (ҳудуди 150 ҳазор доллар) харҷ шуд. Бонки аврупоии таҷдиду рушд то 85% аз арзиши ташхис ва насбро маблағгузорӣ кард.

«Муҳлати бозгашти сармояро мо аввал 6 сол ҳисоб карда, вале бо назардошти дастгирии Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва болоравии таърифаҳо (тарифҳо)-и нерӯи барқ интизор дорем, ки дар давоми ҳамагӣ 4 сол ба худкифоӣ мерасем», — таъкид дошт Умаров.

Система барои на камтар аз 19 соли истифода тарҳрезӣ шуда, пас аз ин муҳлат панелҳоро метавон иваз кард, дар ҳоле ки инфрасохтор боқӣ мемонад.

Гузоштан ва насби таҷҳизот

Тавре ки соҳибкор зикр кард, истифодаи нерӯгоҳи офтобӣ ба ширкат имкон дод, ки хароҷотро коҳиш дода, рақобатпазирии маҳсулотро баланд бардорад.

«Мо хати истеҳсоли дарҳои дохилиро муваффақона ба роҳ монда, мавқеи худро дар соҳаи ивазкунии воридот мустаҳкам кардем», — илова намуд ҳамсуҳбати мо.

 

Мошинҳои барқӣ ва роботҳо

Неругоҳи офтобӣ танҳо яке аз таркибҳои лоиҳаи экологии бузургмиқёс аст, ки айни замон “Арча” амалӣ месозад.

Марҳилаи минбаъда ба гуфтаи Умаров, ивази автопарк буда, аллакай ҷиҳати дастрас кардани зиёда аз 17 электромобил (мошини барқӣ) созишномаҳо ба имзо расидаанд ва дар қаламрави корхона шабакаи худии нуқтаҳои барқдиҳӣ бунёд мешавад.

Ҳамзамон бо гузариш ба нерӯи офтобӣ, таҷдиди дигар равандҳои истеҳсолот дар назар аст, то ки хароҷоти захираҳо коҳиш ёфта, табиат ҳифз шавад.

Масалан, барои истифодаи рӯйпӯшҳои лаку ранг истифодаи системаҳои роботӣ дар назар аст, ки истифодаи дақиқтар ва сарфакоронаи маводро таъмин мекунанд.

"Мутмаинем, ки ҷорисозии муваффақонаи ҳамаи ин тағйирот ба мо имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик бо ифтихор маҳсулоти худро бо бренди “Эко-Арча” тамғагузорӣ намоем", — хулоса мекунад Мумин Умаров.
Система ҳадди ақалл барои 19 соли истифода пешбинӣ шудааст

 

Имконоти истифоданашуда

Тоҷикистон яке аз кишварҳои хеле офтобии Осиёи Марказӣ аст. Ин ҷо офтоб ба ҳисоби миёна аз 260 то 330 рӯз дар як сол нурафшонӣ мекунад. Ин барои рушди энергетикаи алтернативӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Мувофиқи таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ, имконоти техникии энергетикаи офтобӣ дар заминҳои Тоҷикистон (масоҳати зиёда аз 3700 километри мураббаъ), ки истифода намешаванд, қариб 370 ҳазор МВт арзёбӣ мешавад. Агар имконоти умумиро ба назар гирем, ин рақам ба 650 ҳазор МВт мерасад.

Барои дарки миқёс: иқтидори умумии ҳама нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор МВт-ро ташкил медиҳад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳи “Роғун” ин рақам то 9600 МВт боло меравад.

Лекин сарфи назар аз имконоти бузург, энергетикаи офтобӣ дар кишвар ҳоли рушди нокофӣ дорад. Сабабҳои асосиаш арзиши баланди таҷҳизот ва мавҷуд набудани дастгирии густардаи аз ҷониби давлат зикр мешавад.

Бино ба арзёбии мутахасссисон, агар энергияи офтобӣ ба таври комил истифода шавад, он метавонад то 25% аз ҳаҷми умумии талаботи кишварро ба барқ таъмин созад.

То чанде пеш лоиҳаҳои бург дар ин соҳа дар Тоҷикистон қариб ки набуд. Аввалин неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори 220 кВт танҳо охири соли 2020 дар Мурғоб мавриди истифода қарор гирифт.

Нерӯгоҳи бузургтарини офтобӣ дар Мурғоб
Сурат: сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Лекин вазъият тадриҷан тағйир меёбад: аз соли гузашта дар ВМКБ лоиҳаи бузургмиқёси сохтмони боз якчанд нерӯгоҳи офтобӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳ амалӣ мешавад.

Ғайр аз ин, дар ҳамдастӣ бо шарикон ва Бонки ҷаҳонӣ корҳо рӯий лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи офтобии хусусӣ бо иқтидори 200 МВт дар вилояти Суғд ҷараён доранд.

Аз моҳи апрели соли 2024 дар Тоҷикистон истифодаи ҳатмии системаҳои офтобии энергетикӣ зимни сохтмон ва навсозии биноҳои нав ҷорӣ шуд, ки ин ҳам як иқдоми муҳим дар ин самт маҳсуб меёбад. Ин талабот ба иншооти соҳаи маорифу тиб, биноҳои маъмуриву иқтиқоматӣ ва истеҳсолӣ, инчунин марказҳои савдо ва ҳатто таҷҳизоти равшанидиҳанда дар кӯчаҳо дахл дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.