Қарзи Тоҷикистон дар соли 2020 ба 50% нисбат ба ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) расида, лекин сипас ба коҳишёбӣ оғоз кард. Бо вуҷуди ин, ҷумҳурӣ дар минтақаи хавфи баланди буҳрони қарз боқӣ мемонад. Дар ин хусус дар гузориши нави Конфронси Созмони Милали Муттааҳид (СММ) оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) “Ҷаҳон дар олами қарзҳо” (Мир в долгах) маълумот дода мешавад.
Тавре ки дар ин санад гуфта мешавад, дар соли 2024 қарзи давлатӣ дар саросари ҷаҳон ба баландтарин сатҳи таърихии худ — 102 триллион доллар расидааст. Қариб сеяки ин маблағ, яъне 31 триллион доллар, ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта рост меояд.
Танҳо барои хидматрасонӣ ба қарз (пардохти он), ин кишварҳо 921 млрд доллар фоиз пардохт кардаанд, ки ин маблағ аз хароҷот барои тандурустӣ ё маориф барои миллиардҳо нафар зиёдтар аст.
«Қарз метавонад як воситаи муфид бошад, вале агар аз ҳад зиёд шавад, ояндаро зери суол мегузорад», — таъкид мекунанд коршиносони ЮНКТАД.
Осиёи Марказӣ: қарзгирӣ аз рушд зиёд аст
Дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз соли 2010 то 2022 қарзи давлатӣ 2,5 маротиба афзудааст, дар ҳоле ки иқтисод ҳамагӣ 1,4 маротиба рушд кардааст. Ин маънои онро дорад, ки суръати қарзгирӣ назар ба рушди иқтисодӣ бамаротиб баландтар аст.
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 сатҳи қарз рӯ ба коҳиш ниҳода, аммо кишвар ҳамоно ба гурӯҳи дорои хавфи баланди дефолт (пардохтнопазирӣ) дохил мешавад.
Ҳамаи кишварҳои минтақа, ба истиснои Қазоқистон, ба радабандиҳои қарзии поёнтар аз сатҳи сармоягузорӣ шомиланд, яъне маҷбуранд бо фоизҳои баланд қарз гиранд.
Бахусус ин ба Тоҷикистон дахл дорад, ки соли 2027 бояд вомбаргҳо (облигатсия ё худ евробондҳо)-и аврупоиро пардохт кунад. Бе дастгирӣ дар шакли қарзҳои имтиёзнок, пешгирӣ аз бӯҳрони қарзӣ метавонад мушкил гардад.

Дар Ӯзбекистон қарзи давлатӣ нисбатан босуръат меафзояд, аммо ин бо сатҳи ибтидоӣ (заминавӣ)-и хеле паст шарҳ дода мешавад. Қарзгирӣ асосан барои муосирсозии иқтисод истифода мешавад, ки метавонад дар оянда хавфҳои молиявии дарозмуддат эҷод намояд.
Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин масъала махсусан дардовар аст, зеро бисёре аз онҳо ба кӯмаки байналмилалӣ умед баста, аммо дар амал ба манфиати давлатҳо ва ниҳодҳои сарватмандтар донор мешаванд.
ЮНКТАД чанд иқдомеро пешниҳод мекунад, ки метавонанд ба кишварҳо дар муқовимат бо буҳрони афзояндаи қарзӣ кумак кунанд. Мутахассисони ин ташкилот бар ин назаранд, ки зарурати ислоҳоти глобалии низоми молияи давлатӣ лозим аст.
Онҳо ҳамчунин даъват мекунанд, ки бори қарз барои кишварҳои дар остонаи дефолт қарордошта коҳиш дода шавад, дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок осонтар гардад ва як низоми одилонаи бозсозии қарзҳо таъсис дода шавад.
Қадами муҳими дигар баланд бардоштани шаффофият дар иттилооти марбут ба қарзҳои давлатӣ зикр шудааст.
Қарзи хориҷии Тоҷикистон 87 млн доллар кам шуд
Бино ба маълумоти Вазорати молия, то 1 апрели соли 2025 қарзи берунаи Тоҷикистон 3 млрд 101 млн долларро ташкид додааст, ки 87 млн доллар ё худ 2,7% камтар нисбат ба аввали сол аст.
Қариб ҳамаи қарз (95,6%) ба уҳдадориҳои давлатӣ ва қисми боқимонда - ба қарзҳои таҳти кафолат рост меояд.
Қарздиҳандаи бузургтарин Чин боқӣ мемонад, ки маблағи қарзи додааш ба ҳудуди 1 млрд доллар баробар аст.
Тоҷикистон инчунин аз ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ ба маблағҳои қобили мулоҳиза қарздор аст.
Соли ҷорӣ барои хидматрасонӣ ба қарзҳо (пардохти онҳо) ҷудо гардидани ҳудуди 385 млн доллар бо шумули 135 млн доллар пардохтҳо аз рӯи уҳдадориҳои корхонаҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, аз болоравии ҳаҷми қарз бо сабаби тасдиқи қарзҳои нав, аз ҷумла барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” интизорӣ меравад.





