Чин шурӯъ аз соли 2007 то шашмоҳаи соли равон ба иқтисоди Тоҷикистон 5,1 млрд доллар сармоягузорӣ кард. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода хабар додааст.
“Ҳудуди 2,9 млр доллар (57,4%) аз ин маблағгузориро сармоягузориҳои мустақим ва 2,2 млрд долларашро (42,6%) - дигар сармоягузориҳо ташкил медиҳад”, - изҳор дошт ӯ зимни аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ шудани Созишнома дар бораи ҳавасмандсозии мутақобила ва ҳифзи сармоягузориҳо миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин, менависад газетаи “Садои мардум”.
Раҳимзода зикр кард, ки сармоягузориҳои Чин асосан ба саноати истихроҷ ва коркард, иктишофи геологӣ, саноати сабук, алоқа, сохтмон, насби таҷҳизот ва дигар соҳаҳо равона шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар ҷумҳурӣ аллакай зиёда аз 700 ширкат бо сармояи Чин амал мекунанд.
Созишнома дар бораи ҳавасмандсозии мутақобила ва ҳифзи сармоягузориҳо байни ҳукуматҳои ду кишвар 5 июни соли 2024 аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистон ва Чин дар сатҳи олӣ дар Душанбе ба имзо расид. Муҳлати амали ин санад 15 солро ташкил медиҳад.
Раҳимзода таъкид дошт, ки созишномаи мазкур ба ҳифзи манфиатҳои сармоягузорон ва таҳкими заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти иқтисодии ҷонибҳо нигаронида шудааст.
Қобили зикр аст, ки Чин ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз нимаи дуюми солҳои 2000-ум (аз соли 2007) оғоз намуда, дар як фурсати кӯтоҳ ба сармоягузори асосии ҷумҳурӣ табдил ёфт.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста