То 1 июни соли ҷорӣ ҳаҷми умумии қарз аз андозҳои дохилӣ дар Тоҷикистон 975,8 млн сомонӣ ё худ ҳудуди 102 млн долларро ташкил медиҳад. Дар ин бора Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, бақияи қарзҳо аз пардохти андоз дар муқоиса бо аввали соли равон ба миқдори 235,6 млн сомонӣ зиёд шудааст.
Қарздорони аз ҳама зиёд аз пардохти андоз ташкилоту корхонаҳои зерин номбар шудаанд:
- ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» - 144,6 млн сомонӣ;
- ҶСК «НБО Роғун» - 58,6 млн сомонӣ;
- корхонаҳои зертобеъи Агентии обёрӣ ва беҳдошти замини назди ҳукумати ҷумҳурӣ – 48,2 млн сомонӣ;
- ҶСП «Талко Голд» - 30,2 млн сомонӣ;
- КВД ««Хадамоти санитариву нақлиётии шаҳри Хуҷанд» - 30 млн сомонӣ;
- корхонаҳои зертобеъи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» - 28,9 млн сомонӣ;
- кони «Ангишти Зиддӣ» - 19,3 млн сомонӣ;
- ҶСК «Ангишт» - 10,2 млн сомонӣ.
Дар бақияи умумии қарзҳо аз пардохти андоз ҳиссаи субъектҳои дар боло зикршуда 38%-ро ташкил медиҳад.
Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар бораи маҷбуран рӯёнидани андозҳо аз қарздорон ба маблағи 670,5 млн сомонӣ 9,1 ҳазор қарорҳо қабул шудааст. Аз ҳисоби ин қарорҳо, инчунин дигар қарорҳои дар соли 2024 қабулшуда, 791,3 млн сомонӣ ба буҷет ворид шудааст, ки 117,4 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад.
Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, дар нимсолаи аввали соли 2025 аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ба буҷети кишвар 12,7 млрд сомонӣ ворид шудааст, ки 13,7% зиёдтар нисбат ба нақшаи пешбинишуда аст.




