Дар водии Рашти Тоҷикистон конҳои фулузот (металлҳо)-и нодир - элементҳои кимиёвии ниобий ва тантал кашф шуданд. Дар ин бора чанде пеш сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Илҳом Оймуҳаммадзода хабар дод. Инҳо чӣ гуна фулузотанд?
Оймуҳаммадзода зикр кард, ки дар водии Рашт геологҳо 125 намунаи озмоиш аз конҳои Назарайлоқ ва Ёсуманро мавриди таҳлил қарор дода, ҷой доштани аломатҳои ин фулузоти нодирро пайдо кардаанд.
Қобили зикр аст, ки вақте геологҳо дар бораи пайдошавӣ (зуҳурот)-и маъдане сухан мегӯянд, ин маънои онро дорад, ки онҳо нишонаҳои он маъданро дар рӯи замин ё дар қишри замин пайдо кардаанд, лекин аксар вақт дар шакли консентратсияи ночиз. Яъне ин нишон медиҳад, ки ин ё он маъдани муайян дар қитъаи замини мазкур ҷой дорад, аммо барои тасдиқи мавҷудияти захираҳои назаррас таҳқиқоти иловагӣ лозиманд.
Илова бар ин, бисёриҳо фулузоти нодир ва нодир (камёб)-и заминиро бо ҳам омехта мекунанд, аммо ин ду мафҳум комилан фарқ мекунанд.
Фулузоти нодир (камёб)-и заминӣ 17 унсури хос мебошанд, ки дар табиат он қадар камёб нестанд, вале истихроҷ (гирифтан)-и онҳо душвор аст. Онҳо дар қишри замин ба миқдори кофӣ вомехӯранд, аммо дар консентратсияҳои зиёд мутамарказ нестанд. Ин маънои онро дорад, ки бо вуҷуди ҳамагӣ чанд фоизро ташкил додан дар вазни умумии қишри замин, онҳоро гирифтан душвор аст, зеро на дар шакли поку тозава ҷудогона, балки дар таркибҳои мураккаб ҷой доранд.
Фулузоти нодир, аз ҷумла ниобий ва тантал, ба унсурҳое мансубанд, ки дар табиат хеле каманд. Ин категорияи васеътар ва фулузотеро дар бар мегирад, ки барои истихроҷ душворанд ё хеле кам вомехӯранд ва дар соҳаҳое чун саноати заргарӣ, энергетика ва кимиё истифода мешаванд.
Фарқияти асосӣ дар он ифода меёбад, ки фулузоти нодири заминӣ аз таркибҳое иборат аст, ки истихроҷашон хеле душвор аст. Фулузоти нодир маъданест, ки дар табиат хеле кам аст.
Ниобий дар куҷо истифода мешавад?
Ниобий дорои хусусиятҳои нодирест, аз ҷумла устуворӣ ба зангзанӣ ва ҳарорати баланди гудозиш, ки истифодаи онро дар соҳаҳои гуногун муфид мегардонад:
- энергетикаи ҳавонавардиву кайҳонӣ ва ҳастаӣ: ниобий дар гудохтаҳое истифода мешавад, ки барои сохторҳои реакторҳо ва сохтани мушакҳо истифода мешаванд;
- нақлиёт: дар истеҳсоли қубур ва пулҳо аз пӯлодҳои ба фишор тобовар истифода мешавад;
- дастгоҳҳои электронӣ: барои истеҳсоли конденсаторҳо ва маводҳои фавқулноқил истифода мегардад;
- саноати заргарӣ: аз он хӯлаҳо барои ҷавоҳирот месозанд, ки ба зангзанӣ тобоваранд ва муҳлати зиёд истифода мешаванд.

Тантал дар куҷо истифода мешавад?
Тантал дар соҳаҳои дорои технолгияҳои баланд истифода мешавад:
- саноати электронӣ: тантал барои истеҳсоли конденсаторҳои ҳамвор дар телефонҳои мобилӣ, компютерҳо ва инчунин дар технологияҳои кайҳонӣ истифода мешавад;
- соҳаи тиб: тантал барои истеҳсоли имплантатҳо ва асбобҳои тиббӣ истифода мешавад, зеро ин фулузот (металл)-ро организми инсон рад намекунад;
- металлургия: тантал дар истеҳсоли хӯлаҳои баландсифат дар соҳаҳои ҳавонавардӣ (авиатсия), кайҳоннавардӣ, энергетикаи ҳастаӣ (атомӣ) ва дигар бахшҳое истифода мешавад, ки дар он ҷо маводи мустаҳкамиаш баланд ва тобовар ба ҳарорат лозим аст.

Хулоса
Мутахассисон ниобий ва танталро захираҳои стратегие арзёбӣ мекунанд, ки дар иқтисоди ҷаҳон серталабанд. Дар пасманзари талаботи рӯзафзун ба маводи технолгияи баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза, ин омил Тоҷикистонро ба бозигари муҳим дар ин соҳа табдил медиҳад.
Ду филиз (металл)-и дар боло зикршуда дар рушди технологияҳои нав нақши калидӣ дошта, кашфи манбаи онҳо дар Тоҷикистон барои соҳаҳои энергетика, саноат ва технологияҳои баланд уфуқҳои нав боз мекунад.





«Жизнь вдохновляет»: Как Умеджони Бурхон превращает чувства в музыку
От Астории до Грейси: как новый мэр Нью-Йорка столкнулся с критикой за свое льготное жильё
Молодые юристы Таджикистана учатся отстаивать права жертв насилия
За год в мире убиты 67 журналистов: RSF призывает правительства защитить представителей СМИ
«27 лет мучений»: Мирзиёев раскритиковал хлопковую политику эпохи Каримова
Как не отравиться угарным газом?
Эмомали Рахмон запустил в Турсунзаде новый завод и образовательные учреждения
Солнечные и ветровые станции Узбекистана произвели 10 млрд кВт*ч, сократив потребление газа на миллиарды кубов
Таджикский боец Рахмонов проведет претендентский бой с россиянином
Пробки в Душанбе: последствия ошибок, которые допускают власти в градостроительстве
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста