Ҳоло дар кишвар 82 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 4,5 млрд доллар татбиқ мешавад ва саҳми сармояи хориҷӣ дар ин лоиҳаҳо қариб 97 дарсад аст
Тибқи омори ироакардаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аз 82 лоиҳи амалкунанда, 55 лоиҳа аз ҳисоби грантҳо буда, 5 лоиҳа қарзӣ ва 22 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант амалӣ мешаванд. Аз ин 3,2 млрд доллар грант ва 1,2 млрд доллар қарз аст.
Саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар сармоягузории лоиҳаҳои давлатӣ 3,1% ё 143,8 млн доллар мебошад. Саҳми корхонаҳои давлатӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо 0,1% ё 5,8 млн доллар аст.
Дар тасвирбаёни зер бо 10 ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон бештар сармоягузорӣ кардаанд, шинос шавед. Дар тасвирбаён сармоягузории ҳар як ниҳод нишон дода шудааст.
Сармоягузорӣ аз рӯи соҳаҳо
Бештар аз ҳама, яъне 1,6 млрд доллар ба соҳаи энергетика ва 1,2 млрд доллар ба соҳаи нақлиёт равона шудааст. Ин ду самт дар 6 моҳи 2025 бахши афазилиятноки сармоягузорӣ будаанд.
Бо дигар самтҳои сармоягузорӣ дар тасвирбаёни зер шинос шавед.
Ба гуфтаи Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нимсолаи аввали 2025 ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд 9 созишномаи қарзию грантӣ бо маблағи 153,7 млн доллар ба имзо расондааст, ки ин созишномаҳо 7 лоиҳаро дар бар гирифта, соҳаҳои рақамикунонӣ, обёрӣ, нақлиёт ва тандурустиро фаро мегирад.
Ин ниҳод дар сомонаи худ феҳристи лоиҳаҳои амалкунандаро нашр кардааст, ки дар ин пайванд метавонед бо минтақа, маблағ ва мӯҳлати амалишавии лоиҳаҳо шинос шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста