Ҳукумати Тоҷикистон моҳи июли соли равон Нақшаи сесолаи амал дар доираи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро тасдиқ кард. Он тадбирҳои чӣ гуна омода шудани кишвар ва мутобиқшавӣ ва хавфҳои иқлимӣ - аз сатҳи миллӣ то соҳаҳои ҷудогона, аз ҷумла муҳоҷиратро муайян мекунад. Дар он механизмҳои ҳамкории мутақобила байни вазорату идораҳо зикр шудааст.
Маблағи умумии лоиҳа қариб 2,92 млрд сомониро ташкил медиҳад. Аз он 2,74 млрд аллакай дар буҷет пешбинӣ гардида, ҷалби зиёда аз 180 млн аз шарикони байнулмилалӣ ва бахши хусусӣ ба нақша гирифта шудааст. Давраи амалисозӣ то соли 2027 муқаррар шудааст.
Вазорату идораҳо ҳар сол дар бораи корҳои иҷрошуда дар доираи ин нақша ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳисобот медиҳанд.
Нақша 11 самти калидӣ - аз амнияти экологӣ то масоили марбут ба муҳоҷиратро дар бар мегирад.
Энергетика. Рушди манбаъҳои барқароршаванда ва таҷдиди зерсохтор
Дар Нақшаи амал соҳаи энергетика мавқеи калидӣ дошта, ҳаҷми бештари маблағгузорӣ - 1 млрд 946,4 млн сомонӣ (ҳар сол 648,8 млн сомонӣ) ба ин самт равона мешавад.
Маблағҳо ба амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёс, аз ҷумла идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” ва НБО “Себзор”, инчунин таъмиру навсозӣ ва бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурд ва миёна равона мегарданд.
Яке аз афзалиятҳо, рушди манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯи барқ - офтобӣ, бодӣ ва биологӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва шароиташон мусоид хоҳад буд.
Таъмини деҳот бо барқ ва ҷорисозии технологияҳои сарфаи барқ дар соҳаи иқтисод з дигар афзалиятҳои ин барнома ба шумор меравад.

Самти муҳим, таҷдиди низоми баҳисобгирӣ ва идоракунӣ, насби ҳисобкунакҳои муосири барқ, ҷорисозии ҳисоби яклухти барқ ва рушди низомҳои биллингӣ дар шаҳрҳои бузург маҳсуб меёбад.
Дар мавриди сохтмони нерӯгоҳҳо офтобӣ ва бодӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ лоиҳаҳои ҷудогона пешбинӣ шудаанд, ки ба гуногун сохтани манбаъҳои нерӯи барқ имкон дода, ба амнияти энергетикӣ таҳким мебахшанд ва ҷиҳати гузаштан ба иқтисоди нисбатан кам ворбаста ба сӯзишворӣ мусоидат менамояд.
Сатҳи миллӣ. Мутобиқати доимӣ ба хавфҳои иқлимӣ
Ин фасл, ба бунёди мустаҳками ниҳодӣ ва иттилоотӣ ҷиҳати мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии пурсамари хавфи офатҳои табиӣ равона шудааст. Барои амалисозии тадбирҳо 340,8 млн сомонӣ дар се сол пешбинӣ шудааст.
Таҳияи нақшаи миллии мутобиқат, ҷамъоварии нишондиҳандаҳои бемориҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва бунёди пойгоҳҳои иттилоотӣ бо низомҳои мониторинг ҷиҳати пайгирии равандҳои иқлимӣ ва арзёбии хавфҳо, аз ҷумлаи самтҳои калидӣ номбар шудаанд.
Ба таҳкими заминаи моддиву техникии мақомоти соҳавӣ, бо шумули Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии обуҳавошиносӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Дар нақша ҳамчунин, омодасозии кадрҳо - таҳия ва ҷорисозии барномаҳои такмили ихтисос барои мутахассисон ва хидматчиёни давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Баргузории маъракаҳои итиилотӣ дар расонаҳо бо мақсади беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ, инчунин, дастгирии гурӯҳҳои осебпазир - аҳолии деҳот, чорводорон ва муҳоҷирон тавассути беҳбуди низом ва хидматрасониҳои экологӣ аз иқдомҳои муҳим хоҳанд буд.
Иловатан чораҳо ҷиҳати ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ пешбинӣ шудаанд, ки заминаи мутобиқсозии ҳамаҷонибаи иқлимии кишвар мешаванд.
Захираҳои обӣ. Таҷдид ва идоракунии устувор
Барои баланд бардоштани самаранокии истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, инчунин коҳиши хавфҳои марбут ба обхезӣ, сел ва хушксолӣ 194,9 млн сомонӣ ҷудо шудааст.

Чорабиниҳои калидӣ аз таъмиру навсозӣ ва барқароркунии низомҳои обрасонӣ барои таъмини дастрасии устувори аҳолӣ ва хоҷагиҳо ба об, ҷорисозии технологияҳои обёрии сарфаи об - қатрагӣ, аз борон ва обёрии хурд ҷиҳати маҳсулнокии зироатҳо зимни коҳиши хароҷот ба об иборатанд.
Ҳамгироии ҷанбаҳои иқлимӣ, ба Стратегияи миллии об то соли 2040, инчунин таҳияи санадҳои зерқонунӣ ба Кодекси оби навшуда, ки барои таҷдиди соҳа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд, аз вазифаҳои муҳим дониста мешаванд.
Дар нақша таъмиру навсозии низомҳои обёрӣ, ки талафоти обро коҳиш медиҳанд, таҳияи харитаи минтақаҳое, ки зери об монданашон имконпазир аст, пешбинӣ шудааст, ки ҷиҳати пешакӣ тарҳрезии тадбирҳои муҳофизат кумак мекунад.
Ба худкор гардонидани пойгоҳҳои обсанҷӣ дар дарёву обанбор ва наҳрҳо (каналҳо) ҷиҳати мониторинги фаврӣ, алоҳида таваҷҷуҳ мешавад. Ин тадбирҳо барои идоракунии оқилонаи захираҳои об, мустаҳкам кардани муҳофизати онҳо ва баланд бардоштани устувории кишвар ба офатҳои марбут ба об шароит фароҳам меоранд.
Бахши кишоварзӣ. Устуворӣ ба тағйирёбии иқлим
Барои коҳиши осебпазирии бахши кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар дар шароити афзоиши хавфҳои иқлимӣ 130,3 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Нақша аз пешгирии таназзули захираҳои обу замин ва чарогоҳ бо ёрии барномаҳои махсус, ҷорисозии технологияҳои муосири “сабз” ва экологӣ дар кишоварзӣ, инчунин рушди ташаббусҳои байниидоравӣ оид ба коҳиши осебпазирии истеҳсолот дар кишоварзӣ бо шумули таҷдиди чорводорӣ иборат аст.
Ба мубориза бо зараррасонҳо ва бемориҳои зироатҳо ва чорво, таҳияи низоми ягонаи огоҳсозии деҳқонон аз вазъи обуҳаво ва роҳандозии сомонаи машваратии “Маслиҳати кишоварз” таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Ҳамчунин, баланд бардоштани имконоти хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба ҷорисозии низомҳои мутобиқат бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ ва ҷорисозии низомҳои муосири обёрӣ барои истифодаи сарфакоронаи об пешбинӣ шудааст.
Нақлиёт. Экология ва беҳбуди зерсохтор
Бахши “Нақлиёт” ба рушди нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза ва таҷдиди зерсохтор нигаронида шудааст. Барои татбиқи лоиҳа 46,495 млн сомонӣ ҷудо шудааст.
Чорабиниҳои калидӣ аз бунёди шабакаи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ барои мошинҳои барқӣ (электромобилҳо) бо ҷалби сармоягузорони хусусӣ иборатанд, ки ҷиҳати гузаштан ба нақлиёти барқӣ ҳавасманд месозанд. Ҳамчунин сохтмони зерсохтори роҳ - истгоҳу минтақаҳои истироҳатӣ ва иншооти хидматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сифати хидматрасонӣ ба сайёҳони мошинсавор ва боркашонҳоро беҳтар месозад.

Ба бунёди ниҳолзорҳои муҳофизатӣ дар канори роҳҳо ва шоҳроҳҳо таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Ин ниҳолзорҳо ба коҳиши ифлосшавии ҳаво аз чангу ғубор, пешгирии эрозияи хок ва кам кардани таъсири манфии омилҳои иқлимӣ ба пӯшиши болоии қабати роҳ мусоидат хоҳанд кард.
Ҷавонон ва варзиш. Ҷалб ба масоили иқлим
Барои рушди сифату малакаҳои роҳбарӣ, андешаронии экологӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар лоиҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва мутобиқат ба тағйирёбии иқлим 8,9 млн сомонӣ ҷудо мешавад.
Чорабиниҳои калидӣ аз таҳияи муқаррарот оид ба гурӯҳҳои ризокорон дар мактабҳо бо таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳои марбут ба иқлим, инчунин таҳия ва ҷорисозии барномаҳои сиёсати ҷавонон дар шаҳру навоҳӣ бо назардошти масъалаи мутобиқат ба иқлим иборатанд.
Дар нақша таҳияи меъёрҳои дастгиии иштироки наврасон ва ҷавонон дар лоиҳаҳои экологӣ, тадбирҳои мутобиқат ба иқлим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин ташаббусҳо оид ба рушди бомаром, тарбияи арҷгузорӣ ба табиат ва ғамхорӣ нисбати ҳайвонот амалӣ мешаванд.
Раванди муҳоҷират. Идоракунии кӯчбандӣ дар шароити тағйиёбии иқлим
Мувофиқи Нақша, барои ҳалли масоили муҳоҷирати дохилӣ ва берунаи марбут ба омилҳои иқлимӣ ва экологӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон 8,724 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ташаббусҳои калидӣ сохтмони паноҳгоҳҳои муваққатӣ барои муҳоҷирони экологӣ, рушди зерсохтор дар маҳаллаҳои нави аҳолинишин ва ҷорисозии низоми электронии ҳамкории мутақобила дар доираи низоми миллии муҳоҷирати кориро дар бар мегиранд.
Ҳамчунин таҳқиқот оид ба ҷараёни муҳоҷират ва пешгӯиҳои кӯчбандии минбаъдаи аҳолӣ, баргузории маъракаҳои иттилоотӣ барои муҳоҷирон дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳо, инчунин омода кардани гузоришҳои таҳлилӣ оид ба масоили демографӣ ва шаҳрсозӣ низ пешбинӣ шудааст.
Ҳамкории байниидоравӣ ҷиҳати ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок, инчунин дастгирии иҷтимоии муҳоҷирон дар таъмини онҳо бо кор, омӯзиш ва ҳамгиройӣ ба ҷомеаҳои нав ҷойгоҳи муҳим доранд. Ғайр аз ин, додани мақоми муҳоҷирони экологӣ дар сатҳи давлатӣ дар назар аст.
Идоракунии хавҳои офатҳои табиӣ. Омодагӣ, огоҳкунӣ ва ҳифзи аҳолӣ
Барои коҳиши осебпазирии аҳолӣ ва иншооти зерсохтор ба фалокатҳои табиӣ ва падидаҳои фавқулодаи иқлимӣ зиёда аз 6 млн сомонӣ маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамгироии ҷанбаҳои иқлимӣ ба барномаҳои давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ, такмили низоми огоҳкунии барвақтӣ аз офатҳои табиӣ ва ҷорисозии технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ барои вокуниши фаврӣ аз ҷумлаи иқдомҳои калидӣ зикр шудаанд.
Ҳамчунин, таҳияи нақшаи миллии хавфҳо ва харитаи таҳдидҳо бо назардошти талаботи гурӯҳҳои осебпазир бо шмули занону калосолон ва кӯчбастаҳо пешбинӣ мешавад.
Илова бар ин, арзёбӣ ва таҷдиди низомҳои мониторинг, ворид намудани тадбирҳо оид ба коҳиши хавфҳо ба барномаҳои соҳавӣ ва шаҳрӣ, тавсеъаи таълиму омӯзиши имдодгарону ризокорон ва аҳолӣ бо методҳои омодагӣ ва вокуниш, инчунин истифодаи тарзу усулҳои инноватсионӣ барои ҷалби ҷавонон ба нақша гирифта шудааст.

Бахши алоҳидаи чорабиниҳо ба пешгирии офатҳои марбут ба об, аз ҷумла тарҳрезии сохтмони обанбор ва иншооти муҳофизат аз селфароӣ равона шудааст. Ин чораҳо ба омодагии кишвар ба ҳолатҳои фавқулода беҳбуд бахшида, ҷиҳати то ҳадди камтарин расонидани зиён кумак мекунанд ва ба ҷараёни барқарорсозӣ суръат мебахшанд.
Солимӣ ва дарозумрии аҳолӣ. Муҳофизат аз хавфҳои иқлимӣ
Баҳри амалисозии чорабиниҳо дар ин бахш ҷудо кардани 4,65 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Навсозии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои тиббӣ бо ҷорисозии тарзу усулҳои иннноватсионии таълим оид ба масоили тағйирёбии иқлим, инчунин таҳияи нақшаҳои байниидоравӣ дар мавриди пешгирии бемориҳои сироятии марбут ба тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи тадбирҳои афзалиятнок дониста шудааст.
Бунёди заминаи меъёриву ҳуқуқӣ барои ҳифзи солимии аҳолӣ аз маводи зараровар ва организмҳоӣ аз равандҳои иқлимӣ пайдошуда пешбинӣ шудааст. Маъракаҳои иттилоотӣ оид ба ҳифзи солимии репродуктивӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир - оилаҳои муҳоҷирони камбизоат, ҷабрдидагон аз хариду фурӯши одамон, гурезаҳо бо ворид нмудани онҳо ба барномаҳои давлатӣ як қисмати муҳими кори ин самт дониста шудааст.
Ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ дар бораи бемориҳои мавсимӣ ва такрории сироятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Ин тадбирҳо ҷиҳати вокуниши пурсамари соҳаи тандурустӣ ба хавфҳои иқлимӣ ва таъмини ҳифзи дарозмуҳлати солимии шаҳрвандон замина муҳайё месозанд.

Маориф ва илм. Ташаккули дониш ва малакаҳо барои устуворӣ ба иқлим
Баҳри омодасозиии насли нави мутахассисон, рушди таҳқиқоти илмӣ ва ҳамгироии мавзӯъҳои марбут ба иқлим ба низоми маорифи кишвар 4,24 млн сомонӣ ҷудо мешавад.
Барои таҳияи барномаҳои нави таълимӣ, таҷриба ва тарзу усулҳои арзёбии малакаҳо, ҳамкорӣ байни корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳо ва корхонаҳои илмиву таълимӣ самти муҳим хоҳад буд. Ҳамгироии масоили иқлим ба Стратегияи рушди илм ва технологияҳо то соли 2030, инчунин татбиқи барномаи омодасозии кадрҳои таълими ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо шумули ихтисоҳои экологӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар мавриди муҳоҷирати иқлимӣ ҷудогона роҳандозии давраҳои омӯзишӣ оид ба қонунгузории Тоҷикистон ва созишномаҳои байнулмилалӣ дар соҳаи муҳоҷират ва тағйирёбии иқлим барои хидматчиёни давлатӣ пешбинӣ мешавад.

Мутобиқи талаботи байнулмилалӣ, масоили иқлим ба меъёрҳои таълимии маълумоти миёна ва олӣ ворид шуда, сохтмон ва таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ бо назардошти ба зилзила тобоварӣ, фарогирӣ, амният ва хавфҳои иқлимӣ амалӣ мешавад.
Коҳиши нобаробарии иҷтимоӣ ва гендерӣ. Риояи адолат дар шароити тағйирёбии иқлим
Ин бахш ҷиҳати баҳисобгирии талаботи ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ зимни мутобиқат ба иқлим равона шудааст. Ба он занон ва қишрҳои бештар осебпазири ҷомеа дохил мешаванд. Барои амалисозӣ 4,2 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Таҳияи тадбирҳои гендерии ҳассос барои тарҳрезӣ, идоракунӣ ва огоҳкунӣ дар бораи хавфҳои иқлим, аз ҷумла ба даст овардани нишондиҳандаҳои дахлдор дар низоми мониторинг ба нақша гирифта шудааст.
Омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ дар соҳаи муҳоҷират ва ҷанбаҳои гендерии тағйироти иқлим бо мутобиқат ба таҷрибаҳои беҳтарин дар шароити Тоҷикистон яке аз қисматҳои муҳим хоҳад буд.
Ғайр аз ин, таҳкими имконоти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар истифодаи технологияҳо, ки ба сабуксозии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқат бо назардошти махсусиятҳои гендерӣ равона шудаанд, ба назар гирифта шудааст.








