Деҳқонони Тоҷикистон 1 кг пахтаи ҷамъоваришударо 6–6,5 сомонӣ мефурӯшанд, ки аз арзиши аслӣ пасттар аст. Истеҳсолкунандагон ҳушдор медиҳанд, ки бе дастгирии давлат соҳа ба зиён рӯбарӯ мешавад.
Кишоварзони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз мушкилоти ҷиддӣ дар фурӯши ҳосили пахта нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, баҳорон мақомоти маҳаллӣ онҳоро водор карданд, ки ба заминҳо маҳз ин зироатро кишт кунанд, вале пас аз ҷамъоварии ҳосил маълум шуд, ки корхонаҳои пахтатозакунӣ дар ноҳия фаъол нестанд. Дар натиҷа ҷойе нест, ки ҳосили пахтаро қабул кунад.
Қисмате аз пахтакорон маҷбуранд, ки дар навоҳиҳои дигар харидор ҷӯянд, ки дар он ҷо ҳам 1 кг онро 6-6,5 сомонӣ мехаранд. Вале кишоварзон мегӯянд, бо ин нарх онҳо зарар мебинанд.
“Агар ҳадди ақалл 1 кг-ро 10 сомонӣ нафурӯшем, ин моро ба муфлисшавӣ меорад. Арзиши аслӣ хеле баланд аст”, - мегӯяд яке аз пахтакорон.
Ба гуфтаи вай, хароҷот барои парвариши пахта дар 1 гектар 10-12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар муроҷиати видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шудааст, кишоварзон аз мақомот даъват мекунанд, ки ба ин масъала дахолат намуда, тадбирҳо рӯйи даст гиранд ва онҳоро дастгирӣ кунанд.
Қобили зикр аст, ки чунин вазъият на танҳо дар ноҳияи Ҳамадонӣ, балки дар ҳамаи ноҳияҳои пахтакори Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.
Интихоби озод дар қоғазу уҳдадорӣ дар амал
Сарфи назар аз изҳороти шахсони мансабдор дар бораи озод будани кишоварзон дар интихоби кишти зироат, кишоварзон дар таҷриба ба “тавсияҳо”-и мақомоти маҳаллӣ дучор мешаванд, ки дар амал ба уҳдадорӣ табдил меёбанд. Даст кашидан аз кишти пунбадона ба фоидаи зироатҳои нисбатан даромаднок, метавонад ба мушкилоти расмиётчигӣ (бюрократӣ) боис гардад: душвориҳои марбут ба дароз кардани муҳлати иҷораи замин ё дастрасӣ ба қарзҳо.
Кишоварзон аз минтақаҳои гуногун шикоят мекунанд, ки онҳоро ба кишти пахта ҳатто дар заминҳое, ки гандум ё сабзавот метавонад даромади хубу зиёдтар орад, маҷбур мекунанд. Дар натиҷа пахтакорон зарар дида, фурӯхтани ҳосил душвор мешавад.

Миёнаравон фоида ба даст оварда, кишоварзон зарар мебинанд
Нархи хариди 1 кг пахта дар соли 2025 ба ҳисоби миёна 6-6,5 сомониро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши аслии он ба 7-8 сомонӣ мерасад. Бо назардошти пардохти маблағи чинакчиён, хароҷот боз ҳам зиёдтар мешавад. Дар натиҷа соҳаи пахтакорӣ зиёновар мешавад.
Дар ҳамин ҳол, нархи 1 кг пахта дар бозори ҷаҳон ба 1,5-1,6 доллар (тақрибан 15-16 сомонӣ) мерасад, лекин кишвоварзони тоҷик ба ин воситаҳои фурӯш дастрасӣ надоранд, зеро сохтори харид на ба манфиати истеҳсолкунандагон, балки миёанравон нигаронида шудааст.
Фаррух Саидов, иқтисодшиноси зикр мекунад, ки “бидуни кумапулӣ ва боло бурдани нархи харид, кишоварзон наметавонанд соҳаи пахтакориро рушд диҳанд, зеро имрӯз низоми харид барои манфиати миёнаравон кор мекунад”.
Чӣ гуна дастгирӣ пахтаро фоидаовар мегардонад?
Дар Ӯзбекистон давлат ба соҳаи пахтакорӣ кумакпулиҳо ҷудо карда, барои ҳар як килограмми иловагӣ 2,1 сомонӣ пардохт менамояд. Ин парвариш ва ҷамъоварии пахтаро ҷолибтару ҳавасманд месозад.
Дар Тоҷикистон чинакчиён барои 1 кг то 1,5 сомонӣ маблағ мегиранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар иншооти сохтмон дар як рӯз ба онҳо то 200 сомонӣ пардохт мешавад. Чунин фарқият ҳавасмандии қувваи кориро коҳиш дода, мушкилоти камбуди коргаронро душвортар месозад.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки бартараф намудани буҳрон дар соҳаи пахтакорӣ танҳо аз ҳисоби ислоҳоти маҷмӯавӣ (комплексӣ) имконпазир аст. Ҷорисозии низоми кумакпулиҳо, дастгирии молиявии пахтакорон, бекор кардани таҷрибаи кишти маҷбурӣ ва бунёди механизмҳои бозаргонӣ аз ҷумлаи афзалиятҳо маҳсуб ёфта, ба кишоварзон дастрасии мустақим ба бозорҳои фурӯшро таъмин мекунанд.
Дар коғаз қарзу кумакпулиҳову дар амал зиён
Дар "Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040" барои кишоварзони пахтакор як қатор тадбирҳо пешбинӣ шудааст.
Барои дастгирии молиявӣ тавсеъаи дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок ва гранту кумакпулиҳо, инчунин имтиёзҳо аз пардохти андоз ба нақша гирифта шудааст. Кишоварзон бояд дар ҷараёни қабули пахта дар корхонаҳо ҳузур дошта бошанд, то ки зимни нархгузорӣ аз манфиатҳои худ ҳимоя кунанд.
Ғайр аз ин, дар стратегия бунёди итттиҳодияи пахтакориву нассоҷӣ, давраҳои такмили ихтисоси мутахассисон, таҷрибаомӯзии онҳо дар хориҷа ва ҷалби коршиносони хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Ба таъмиру навсозии техникаи кишоварзӣ ва ҷорисозии технологияҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ тааҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Аммо кишоварзон зикр мекунанд, ки дар амал ин тадбирҳо танҳо рӯйи коғаз монда, онҳо ҳоло дастгириро эҳсос намекунанд ва соҳаи пахтакорӣ зиёновар боқӣ мемонад.






«Когда всё хорошо - песни не пишутся»: Мубориз Усмонов о вдохновении, дружбе и пути артиста
Сборная Узбекистана узнала соперников на жеребьевке ЧМ-2026
Что такое фемицид и как с ним борются в Европе, Азии и на Кавказе
Зоир Джурабоев продлил контракт с «Согдианой» и проведёт в клубе ещё один сезон
Эмомали Рахмон поздравил Садыра Жапарова с днем рождения
От Душанбе до Ташкента: как WYZO строит империю
Четыре боя – четыре поражения. Таджикистанцы выступили на турнире АСА в Москве
Шерали Кабир: «ChatGPT заменил мне ассистента»
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Жесткий лимит в 4 кВт, атака афганских боевиков и как Центральная Азия воду поделила
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 декабря 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста