Дар ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Русия ба беш аз 1,4 миллиард доллар расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13%-ро ташкил додааст.
Ин нукта дар ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, ки рӯзи 26-уми сентябр дар шаҳри Маскав бо иштироки Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвари мо ва Марат Хуснуллин, муовини раиси ҳукумати Русия баргузор шуд, зикр гардид.
Дар он ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳо баррасӣ шуд.
“Таъкид гардид, ки соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо бо Федератсияи Русия 1,9 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023 200 миллион доллар зиёд аст”, - зикр шудааст дар ҷаласа.
Ҷонибҳо ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда изҳор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Протокол оид ба фаъолияти муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия ба имзо расидааст.
Ҳамчунин, дар ҳошияи ҷаласаи ин Комиссия, рӯзи 26-уми сентябр мулоқоти Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон бо Антон Силуанов, вазири молияи Русия баргузор гардид.
Вазорати молияи кишвар хабар медиҳад, ки ҷонибҳо аҳамияти сатҳи баланди шарикӣ ва нақши Россия ҳамчун шарики стратегии Тоҷикистонро таъкид карда, зикр намуданд, ки гардиши савдо соли 2024 тақрибан 2 млрд доллари амрикоиро ташкил дод.
Зимни мулоқот татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои молияи ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои муштарак баррасӣ шуд.
“Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самти идоракунии рақамии молия, назорати қарзи давлатӣ, табодули таҷриба оид ба барориши коғазҳои қиматнок, аз ҷумла “сабз”, дастгирии омодасозии лоиҳаҳо бо ҷалби институтҳои рушд ва коркарди механизмҳои нави маблағгузорӣ баён намуданд”,- омадааст дар хабарномаи Вазорати молияи Тоҷикистон.

Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар ҳолест, ки дар назар аст, ки рӯзи 9-уми октябр президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ояд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо баррасии масоили муҳиму рӯзмараи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ дар назар аст. Владимир Путин ҳамчунин дар кори нишасти “Осиёи Марказӣ - Русия”, ки дар доираи сафари ӯ мегузарад, иштирок мекунад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста