Бонки осиёии рушд (БОР) пешгӯӣ кард, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон 7,4%-ро ташкил дода, дар соли 2026 то 6,8% поин меравад. Дар ин бора дар гузориши нави БОР таҳти унвони "Гузориши рушди Осиё" зикр мешавад. Пешгӯиҳои БОР барои иқтисоди Тоҷикистон яке аз баландтаринҳо дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд.
Ин нукта дар гузориши моҳи апрели соли раовни ин бонк низ зикр шуда буд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2024 рушди иқтисоди Тоҷикистон 8,4%-ро ташкил дод.
Дар гузориш зикр мегардад, ки дар нимаи аввали соли 2025 рушди иқтисоди Тоҷикистон 8,1%-ро ташкил дод, ки ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2024 (8,2%) наздик аст.
Рушди иқтисоди кишварро асосан саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ, савдо ва бахши хидматрасонӣ таъмин мекунанд.
Дар соҳаи саноат рушд 24,0% дар як солро ташкил медиҳад:
- истеҳсоли маъданҳои фулузӣ (металлӣ) 110,0%
-маҳсулоти хӯрокворӣ - 8,0% афзуда,
- истеҳсоли сарулибос 3,5%
- маҳсулоти нафтӣ - 1,7% кам шуд.
Соҳаи хизматрасонӣ 12,8 фоиз тавсеа ёфт, ки аз ҳисоби афзоиши миёнаравии молиявӣ 80,2 фоиз, саноати меҳмонхона 21,1 фоиз, хизматрасонии тиббӣ 16,5 фоиз ва нақлиёт 13,3 фоиз афзоиш ёфт.
Сарфи назар аз шароити номусоиди обуҳаво барои ҳосил ва ҳуҷуми малахҳо дар ҷануби кишвар, рушд дар бахши кишоварзӣ то 15,9% барқарор шуда, ҳаҷми сохтмон 7,1% афзудааст
Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки афзоиши босуръати интиқоли маблағ ва болоравии маош дар бахши давлатӣ ба ҳавасмандсозии истеъмоли хусусӣ идома доданд.
"Сарфи назар аз сангинтар шудани қоидаҳо нисбат ба қувваи кории хориҷӣ дар Русия, интиқоли маблағ босуръат зиёд шуд: аз 1,1 млрд доллар дар семоҳаи аввали соли 2024 то ба 1,8 млрд доллар дар ҳамин давраи соли 2025 расид", - таъкид месозанд таҳлилгарони Бонк.
Онҳо бар ин назаранд, ки самараи боқимондаи болоравии маош дар бахши давлатӣ, инчунин зиёд шудани маошу, стипендия ва нафақаҳо аз 1-уми сентябри соли 2025 ба афзоиши қарз ва амонатҳо мусоидат кард.
Музди меҳнат дар кишвар 24,2% бо ифодаи солона боло рафта, ба 268 доллар дар як моҳ расид.
"Ҳарчанд хавфҳо ба дурнамои миёнамуҳлат таъсир расонанд ҳам, афзоиши босуръати интиқоли маблағ ва суръати баланди рушд дар зарфи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ, боқӣ гузоштани пешгӯиҳои рушди нисбатан пешинаро барои солҳои 2025 ва 2026 тасдиқ мекунанд", - ба чунин хулоса расидаанд коршиносони БОР.





«Лица года-2025» в Таджикистане: выбор журнала VIPzone
Молдова начала процедуру денонсации соглашений с СНГ и выхода из Содружества
Конфликт в «Парламенте». Прокурора Бустона уволили после стычки с владельцем ресторана
Товарооборот между Китаем и Центральной Азией в 2025 году превысил $100 миллиардов
В Душанбе открылся HikCenter — монобрендовый бутик Hikvision
«Снова и снова решалась на беременность — в итоге похоронила пятерых детей». Трагедии родственных браков в Таджикистане
Доставка товаров из Китая через Jana Post: прозрачно и без переплат
Курс на перестройку и результат: чего ждать от Милана Милановича в «Худжанде»
Таджикистан столкнулся с рекордными температурными аномалиями в 2025 году
В Таджикистане на сотнях гектаров высадили саксаул для защиты от пыльных бурь
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста