Дар давраи аз моҳи сентябри соли 2024 то сентябри соли 2025 нархи маҳсулоти истеъмолӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 2,2% боло рафтанд. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Болоравии нарх дар навбати аввал ба гӯшту сабзавот ва равған дахл дорад. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз навъҳои мева ва маҳуслоти ширӣ арзон шуданд.
Дар байни сабзавот аз ҳама бештар нархи карам ва сабзӣ зиёд шуд, ки мутаносибан 60% ва 50%-ро ташкил медиҳад.
Нархи равғани офтобпараст низ ба андозаи 8,5% зиёд шуд.
Гӯшти гӯсфанд дар ин давра 14,3% ва гӯшти гов - 12,6% гарон шуданд.
Арзиши орд ба андозаи 10,1%, биринҷ - 3,1% ва панир - 6,1% поин рафт.
Дар ҳамин ҳол, дар бозор анор 28,2%, себ - 16% ва мандарин 14,6% арзон шуданд.
Аз маҳсулоти ширӣ поинравии нархи шир ба андозаи 4,1% ва равғани маска - 2,7% ба қайд гирифта шудааст.
Ба сурати умум, тибқи маълумоти расмӣ, мизони таваррум дар Душанбе дар нархҳо ба ғизо муътадил боқӣ монда, лекин баъзе маҳсулоти мавсимӣ бамаротиб гарон шуданд.
Нишондиҳандаҳои мазкур ба ҳисоби миёна гирифта шуда, ба маълумот дар бозорҳои пойтахт асос ёфтааст. Дар минатқаҳои кишвар вобаста ба мавсим, логистика ва сатҳи даромади аҳолӣ, нархҳо метавонанд ба таври назаррас фарқ кунанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста