Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон барои хариди то 14 ҳавопаймои каммасрафи “787 Dreamliner” ва “737 MAX” бо ширкати амрикоии “Боинг” созишнома имзо кардааст. Ин санад рӯзи 6-уми ноябр дар мизи мудаввари соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико, ки дар шаҳри Вашингтон баргузор гардид, имзо шудааст.
Сомонаи ширкати “Сомон Эйр” навиштааст, ки дар марҳилаи аввал ин ширкат аз “Боинг” 4 ҳавопаймои ғунҷоишашон васеи “787-9” дастрас мекунад. Ширкати тоҷикистонӣ эълом кардааст, ки баъдан ният дорад, то 10 ҳавопаймои дигари “737-8” аз ширкати амрикоӣ харидорӣ кунад.
Ба иттилои “Сомон Эйр”, “ин бузургтарин фармоиши ширкат дар таърихи фаъолияташ” буда, ҳавопаймоҳои нав барои роҳандозии хатсайрҳои нави байниқитъавӣ аз шаҳри Душанбе истифода хоҳанд шуд.
Манбаъ менависад, ин ҳавопаймоҳо истифодаи сӯзишвориро 20–25 фоиз коҳиш медиҳанд, ки боиси паст шудани арзиши сафар барои мусофирон ва хароҷоти нигоҳдорӣ мегардад.
Абдулқосим Валиев, роҳбари ширкати “Сомон Эйр” дар нишаст гуфтааст, ин созиш ба ширкат имкон медиҳад, ки вобаста ба талаботи бозор шумора ва навъи ҳавопаймоҳои худро танзим намояд.

Пол Риги, муовини президенти Boeing оид ба фурӯш ва маркетинг дар минтақаи Авруосиё ва Ҳиндустон гуфтааст, “ҳавопаймоҳои 787-9 ва 737-8 бо имконоти фаровон, убури масофаи дароз ва сарфакорӣ дар истифодаи сӯзишворӣ, барои рушди самараноки фаъолияти “Сомон Эйр” имкониятҳои нав фароҳам меоранд”.
Бояд гуфт, созишнома дар мизи мудаввари соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико дар доираи нишасти байналмилалии “C5+1” ба имзо расидааст.
Ҳамчунин, рӯзи 5-уми ноябр Ҳабибулло Назарзода, раҳбари Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтони Амрико бо Кристен Гатлин, директори Идораи федералии ҳавонавардии ин кишвар дидору гуфтугӯ карда, масъалаи роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амикоро баррасӣ кардаанд.
Бояд гуфт, ҳоло “Сомон Эйр” бо истифода аз шаш ҳавопаймои Boeing 737 Next-Generation аз Тоҷикистон ба 25 самт дар Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик парвоз анҷом медиҳад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста