Дар арафаи таҷлили иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе, аз 14 то 20-уми март ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мегардад. Дар ин бора, аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, ин маърака бо мақсади “ба танзим овардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал” роҳандозӣ шуда, маҳсулот дар ярмаркаҳо нисбат ба бозорҳо арзонтар ба фурӯш гузошта мешавад.
Бо суроғаи ярмаркаҳо дар баргаи мо шинос шавед:

Аз шаҳрдорӣ гуфтанд, сокинони пойтахт метавонанд маводи ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт, орд, равған, биринҷ, тухм ва ширро бо нархи нисбатан арзон харидорӣ кунанд. Масалан, арзиши 1 кг гӯшти гов - 65 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд - 75 сомонӣ, 1 кг картошка – 4,5 сомонӣ ва 1 кг пиёз – 1,5 сомонӣ мебошад. Бо нархи дигар маҳсулот дар ин ярмаркаҳо дар баргаи мо шинос шавед:

Бояд гуфт, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ташкил карда мешавад.
Маъмулан чунин ярмаркаҳо пеш аз ҷашнҳо ташкил шуда, маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешаванд. Чун ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо мухталиф нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар гарон мешавад ва ин боиси нигарониву шикояти сокинон мегардад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста