Хизматчии ҳарбӣ, тирандози пулиси ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон сержант Максим Шеффер сокинони хонаи панҷошёнаи воқеъ дар паҳлӯи шаҳраки низомии пойгоҳи 201-ум дар шаҳри Душанберо аз таркиш наҷот дод. Дар ин бора ВАО-и Русия бо истинод ба намояндаи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ полковник Ярослав Рошупкин хабар медиҳанд.
«Бо шунидани доду фарёд барои кумаку имдод Максим Шеффер ба манзили оташгирифта ворид шуда, сокинони онро ба кӯча мебарорад. Сипас баллони газии хеле зиёд тафсидаро дарёфт ва онро ба гилем (палас) печонида, аз тиреза ба боғчаи назди ин хона мепартояд. Баъдан хизматчии низомии рус ба оташнишонони ҳозиршуда дар хомӯш кардани сӯхтор низ кумак кард», - иброз доштааст Я.Рошупкин.
Ба қавли ин афсари рус, соҳибхона - модари панҷ фарзанд Маҳбуба Шокирова ба Максим ва волидони ӯ миннатдорӣ изҳор намудааст.
«Барои зоҳир намудани ҷасорат дар ҳодисаи сӯхтор, Максим Шеффери 23-сола, зодаи деҳаи Корнеевкаи ноҳияи Москаленскии вилояти Омск аз ҷониби фармондеҳии пойгоҳ қадрдонӣ хоҳад шуд», - қайд кардааст Я.Рошупкин.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста