Шаби 11 ба 12-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00-дақиқа, дар қаҳвахонаи “Бедуин”, воқеъ дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ шахсони номаълум бо истифода аз таппончаи газии тамғаи “Макаров” ва чӯбдаст, ба марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва рафиқонаш, сокинони ҳамин ноҳия ҳамла намудаанд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, сипас ду маротиба бо таппончаи мазкур ба сари рафиқаш, марди 40-сола зада, ду нафар ҷавонони 18 ва 27-соларо ба ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бурда, бе ягон асос мавриди лату кӯб қарор додаанд.
«Ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз ӯ маблағи 120-сомонӣ, автомашинаи шахсии тамғаи “Ваз-2105”-ро бо роҳи зӯроварӣ гирифта, 4000-сомонии дигар талаб намудаанд», - маодааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур шаш нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ; ҷавонони аз 20 то 29 соларо дастгир намуданд. Далелҳои шайъӣ як адад калтакчӯб ва як адад таппончаи травматикӣ гирифта шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста