Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳамсарони 60-солаи соҳибкор Мақсудҷон ва Ибода Неъматуллоевҳо ба қатл расонида шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКд дар вилояти Суғд Муҳсин Юсуфов хабар дод, онҳо субҳи рӯзи 18 октябр дар манзилашон воқеъ дар ҷамоати Унҷӣ кушта шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки барои тафтиши ин ҳодиса аз ҳисоби кормандони Раёсати ВКД, мақомоти прокуратураи вилоят ва Шуъбаи ВКД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шудааст.
Муҳсин Юсуфов бо далели халалдор накардани ҷараёни тафтиши ҳодиса аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли хешу ақрабои кушташудагон, қотилон ҳамсаронро азобу шиканҷа дода, даҳонашонробо скотч маҳкам кардаанд. «Замони куштор писари онҳо дар хонаи паҳлӯ буда, субҳ барои бедоркунии волидонаш меояд ва онҳоро кушташуда дармеёбад», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» хешовандони кушташудагон.
Дар ҷойи кори кушташудагон воқеъ дар яке аз марказҳои савдои бозори «Панҷшанбе», ки дар он ҳамсарон ба фурӯши матои миллӣ машғул будаанд, ҳикоят карданд, ки ин оила тез-тез ба соҳибкорон қарз медодаанд ва шумори қарздорон аз онҳо хеле зиёд будааст.
Яке аз манбаъҳои «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита иттилоъ дод, ки аз манзили онҳо қотилон 70 ҳазор доллар маблағи пулӣ ва дигар чизҳову лавозимоти арзишмандро бо худ бурдаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста