Шаби 30 октябр, соати тақрибан 23 дар километри 558-уми шоҳроҳи Саратов – Нижний Новгород як мошини боркаши КамАЗ бо микроавтобуси "Volkswagen Caravelle”-и муҳоҷирони тоҷик бархӯрд.
Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, дар ин садама ронандаи КамАз осеб надидааст, вале аз 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки савори микроавтобус буданд, ду нафар дар ҷои ҳодиса ва ду тани дигар дар бемористон ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешавад, 7 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин садама ҷароҳат бардоштаанд ва аз онҳо танҳо ду нафаре, ки захмҳояшон сабук буд, ба роҳи худ идома дода, 5 тани дигарро ба бемористон бурдаанд. Табибон вазъи саломатии 4 тан аз маҷрӯҳонро вазнин меноманд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Петровскийи вилояти Саратов дар шоҳроҳи Р-158 рух додааст ва ҳодисаро пулиси вилояти Саратов таҳқиқ мекунад. Муовини сухангӯи пулиси Саратов Владимир Костёров гуфтааст, ки зоҳиран гунаҳкори садама ронандаи КамАЗ аст. Аммо пулис дар ҳоли ҳозир аз ироаи ҷузъиёти бештари ин ҳодиса худдорӣ мекунад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста