Шабонарӯзи гузашта бар асари садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошингарди кишвар се нафар ҳалок ва боз ду тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 29-уми октябри соли 2017, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Баротов Муҳаммадҷон Мирзоқурбонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ёвон-Ваҳдат”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чорсуи деҳаи Ғулакандози шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 160-метр чаппа шуда, дар натиҷа, худи ронанда, Баротов М. аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин, 30-юми октябри соли 2017, тахминан соати 03:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Ёров Сангинмурод Тағоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “КАМАЗ”, таҳти идораи ронанда, Салимзода Амриддини Баҳриддин, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ваҳдат, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра” Ёров С. ва мусофираш, Ғуломов Зокир Алиевич, соли таваллудаш 1983, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони автомашинаи мазкур Ғуломов Зафар Алиевич, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Файзобод ва ноболиғ, Ғуломов Ғайратшоҳ Нуралиевич, соли таваллудаш 2000, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста